Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳанӯз ҳам баъзе аз вазифадорони мо идораи давлатиро мулки меросии худ мешуморанд ва ба василаи он саркашон ва итоатнопазиронро таъзир додан мехоҳанд.
Қиссаи “Тору пуд” ҳам ба чунин монеъа гирифтор гашт, вале ба шарофати дастгирии шодравон Фазлиддин Муҳаммадиев ба нашр расид.
“Агар вай мард мебуд...” се соли тамом дар дасти раҳбарони Иттифоқи нависандагон ва маҷаллаи “Садои Шарқ” “саргардонӣ” кашид ва оқибатуламр баъди мутолиа дар КМ ПК Тоҷикистон — аз ҷониби собиқ мудири шӯъбаи маданият Нур Табаров ва котиби аввал мӯҳтарам Қаҳҳор Маҳкамов ба нашр расид.
Чи илоҷ, қисмати мо — адибони тоҷик чунин аст магар ё аз камфаъолиятии худи мо — ҳанӯз ҳам баъзе ашхоси савдогархӯй, иззатталаб ва майхора ба сари кор меоянду гап-гапи ман мегӯянд ва кам касон ҷасорат доранд, ки ба онон муқовимат кунанд.
Саволи дигар аз шумо: Чунон ки гуфтед, шумо хеле осори бадеъро аз адабиёти мардуми ҷаҳон ба тоҷикӣ гардондаед. Тарҷумаи қиссаи машҳури Александр Грин — “Бодбонҳои гулгун” нодиракорие дар санъати тарҷума аст. Таъсири ин шоҳкорро дар осори минбаъдаи худ эҳсос мекунед ё не?
Ҷавоб: Романтизми шевои ин қиссаи мӯъҷизавӣ ба эҷоди минбаъдаи ман беасар нест. Ҳам дар қиссаи “Ситораи думдор”, ҳам дар “Номаи пеш аз шаби арӯсӣ” таъсири оҳанги латифи онро эҳсос мекунам. Умуман, ман мехоҳам, ки хаёлоти адиб бояд, ки ҳамеша аз воқеияти рӯзгор болотар парвоз гирад. Санади зиндагӣ, воқеа фақат ба тавассути обуранги хаёл асари бадеъ хоҳад шуд.
Савол: Бигӯед, ки Шумо ҳафт повест, беш аз шаст ҳикоя навиштед, аммо роман нанавиштед, сабаб чист?
Ҷавоб: Дар адабиёти Аврупо “повест” нест, “роман” ҳаст ва “новелла” яъне ҳикоя. Миёни роману повест асо

пешина
аз 393
навбатӣ