Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҷамъият чи гуна тасаввур мекунед?
Ҷавоб: Ба фикри ман, мавқеи нависанда дар рӯ ба рӯи ҳодисоти ҷамъият бояд, ки ягона бошад — ин ҳам гуфтани ҳақиқат. Ҳунар, донишу фарҳанг — ҳамаро барои ниятҳои қабеҳ ва фиребу нобакорӣ истифода кардан мумкин аст, вале ҳақиқатро не! Ҳақиқат ҳаргиз монеи некиву накӯкорӣ нахоҳад гашт.
Барои солимии ҷамъият на ранги Сурх ва на ранги Сиёҳ, балки ҳақиқат даркор асту бас.
Савол: Мегӯянд, ки повестҳои “Рухсора” ва “Тору пуд”-ро Шумо дар асоси саргузашти худ навиштаед, ин дуруст аст?
Ҷавоб: Навиштаҳои на ҳар адиб бунёди воқеӣ ва саргузаштӣ доранд. На ҳар кас метавонад бигӯяд, ки ман ин воқеаҳоро аз сар гузарондаам, талхиву ширинии онҳоро чашидаам. Бале, ман он муҳаббатеро, ки дар қиссаи “Рухсора” тасвир кардаам, худ аз сар гузарондаам, бо нобакороне, ки дар “Тору пуд” мебинед, айнан чунин сару кор доштам. Бешак, худи воқеаи рӯзгор бидуни обуранги тахайюли адиб, сарчину ташкили банизом асари бадеъ нахоҳад шуд.
Савол: Шумо асарҳоятонро баҳри кадом мақсади бузург менависед?
Ҷавоб: Менависам, то ба мардум чигуна ҳалол зистанро ва нафрату дӯстдориро биомӯзам. Масъалаи муҳимтарини рӯзгор ва адабиёт низ ҳамин аст. Ва боз ба худ ҳамсӯҳбате меҷӯям, то фикри ман чун ақидаи худи ӯ дар ӯ акси садо кунад. Хулоса, инсонро аз ҳалокати ахлоқӣ ва маънавӣ наҷот додан мехоҳам.
Савол: Ҳикояи “Номаи пеш аз шаби арӯсӣ” ҳам аз саргузашти худи шумост?
Ҷавоб: Дар ин қисса бахше агар аз саргузашти ман бошад, ҷузъе аз дигарон аст. Гап дар сари ин нест. Баъди нашри ин ҳикоя баъзе ба ман хӯрдагирӣ карданд, ки аз воқеияти рӯзгор дур рафтаам... Адиб, дар асари худ

пешина
аз 393
навбатӣ