Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ДАРДИ НОХУШ…
Ҷавобҳои адибон ба саволномаҳои маҷаллаи “Садои Шарқ” асосан, хеле бамаънӣ буд ва ба як навъ мубодилаи афкор ва баҳс ҳам табдил ёфт. Баҳс оинаи ҳақиқат аст, бебаҳс ҳақиқат падидор намеояд.
Ҳоло дар ин маҳфил низ бисёр суханони бамаънӣ гуфта шуданд. Доири забони фасеҳи тоҷикӣ фикрҳои муҳаққиқон Р.Ғаффоров, Б.Камолиддинов, Ардашер Каримов, Ҳалимов ҷолиби таваҷҷӯҳ буд. Вақт аст, ки аз ин боб олимону адибон изҳори андеша кунанду ҷавонони навқаламро ба роҳи дуруст ҳидоят намоянд.
Аз ин гуфторҳо пайдост, ки баъзан адибон аз мунаққидон меранҷанд, гӯё онҳо бо баҳои худ қимати асари дар асл хубу аълои ононро хароб карда бошанд…
Ба фикрам, боист, ки адиб ҳатталимкон ба баҳои муҳаққиқ бо назари ибрат нигарад, то метавон аз ӯ сабақе гирад, ғалатеро ислоҳ кунад. Аз он чи нописанд ва номатлуб аст, сарфи назар намояд. Аммо адибони мо аз муҳаққиқон бештар таърифу тавсиф чашмдор буданашон аз навиштаҳо ва гуфтаҳои онон равшан гашт.
Адиби шодравон Ҷумъа Одина дар зиндагӣ на таърифу тавсиф шуниду на унвону ҷоизаҳоро сазовор гашт. Аммо ман аминам, баъди сад сол ҳам, авлодони мо агар аз насри имрӯз чор-панҷ китоберо хонанд, якеи он китоби ӯ хоҳад буд. Аммо умри китобҳои баъзе аз ҷоизадорони мо гумон аст, ки аз ҳаёти муаллифи худ дарозтар бошад.
Ҳар он чи ман дар мақолаам навишта будам, аз тақозои инсоф ва нидои виҷдон буд. Аз ҳозирон, ҳаводорони адабиёт, хеле шукргузорам, ки аз нияти ман пай бурдаанд.
Дар ин ҷо рафиқон Абдулҳамид Самадов ва Сорбон ба мақолаи ман эродгирӣ доштанд, ки ба баъзе ҷавоб нагуфтан наметавонам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё