Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ана ин хабари тоза! Тозатарин хабар он аст, ки дирўз, вақти шом, пеш аз ба деҳа баргаштани Сафарбек дар хаймаи геологҳо ҷанҷолу хархаша бархостааст! Аскар маст шуда, бо овози баланд «Исқотӣ» гўён Камолро ҳақорат додааст. Ҳамин саҳар бошад, аллакай овоза шудааст, ки Камол аз Аскар шикоят бурдаву бо кадом сабабе Гавҳару ҷиянашаро шўронида, ба қароргоҳи геологҳо роҳӣ кардааст. Чашми рўз накафида боз дар ҳамин ҷо, дар чорбоғи Ҳоҷӣ Сафарбек садои ҳақорату дашноми Гавҳар баланд шудааст. Гўё Гавҳару ҷиянаш барои дар ҷогаҳи хоҳараш Зумрат шаб хоб кардани Аскар қароргоҳи геологҳоро ба по хезондаанд. Гўё Аскар шабро бо Санавбар дар хаймаи духтарон гузаронидааст ва ғайраву ҳоказо…
Ҳоҷӣ Сафарбек ҳамаи ин гапҳоро аз дил гузаронида, аз рўи одат, бо истиҳола, бо эҳтиёт аз Аскар пурсид:
-Баъзе гапу хабарҳо ба гўшам расид, Аскарҷон? Шунидаму аз шаб инҷониб дилам қарор намегирад, «рост бошад, дурўғ бошад?», аз худи ҷўраҷонам пурсам гуфта омадам…
-- Ту аз куҷо дарак ёфтӣ!?—дандонҳояшро ғиҷиррос занонда, ба ҳамсўҳбаташ чашм ало кард Аскар.
-- Даҳони мардумро пўшида намешавад, ҷўра. Шумо дар ин деҳа бегонаед, Аскарҷон! Аз ин рў, ҳушёр шавед, ғайбатчиҳо ҳар қадаматонро пойида гаштаанд!- маслиҳат дод Сафарбек.
Аскар аз рўи одат сарашро дар кафи дастонаш гирифта, норозиёна сахт такон дод, оҳ кашид, бо ғазаб як мушт ба сари зонуяш зад. Риштаи андешаҳояш боз бо ҳам печиданд, боз калоба шуд ин ришта, кӣ медонад чӣ қадар дароз аст он? Нўги ин калоба боз то ба Камол рафта мерасид, дар дасту пойҳову гардани ў мепечид.
Аскар бо ҳамин ришта хаёлан гулўи Камолро, Исқотиро мефушурд, бўғӣ мекард. Дар он лаҳзаҳо аз ғояти қаҳру ғазабу интиқом рагҳои гарданаш рост хеста буданд. Вай муштонашро гиреҳ карда, бо нафрати тамоме, ки нисбати Ҳоҷӣ Камол дошт, сахт даст афшонду дар замин туф кард.

пешина
аз 208
навбатӣ