Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Ва узрхоҳона шарҳ дод:-- Дина бевақтии шаб ҳамроҳи ана ин ҷиянам шалпару хаста шуда омадем. Сар дар болин монда, дарҳол хобамон бурд. Саҳар бархоста ношто кардему дилам қарор нагирифт. Дўсти қаринам, бародари қиёматиамро хабар гирам, гуфта омадем. Охир, як ҳафтаи дароз ҳамдигарро надидаем! Ба ростӣ, ба дидорат пазмон шудам, Аскарҷон. Бе сўҳбатҳои гарму ширини ту як ҳафта дар назарам як сол барин намуд.
-- Ман ҳам, акои Сафарбек! –бо ҳаяҷон гуфт Аскар ва ўро гарму ҷўшон дар оғўш кашид. Ба ҷиянаш даст дода вохўрӣ намуд. Ва ҳамон лаҳза нигоҳҳои ғамгину ошуфтаи ў тира шуданд.-- Дар набудани ту афти шуми баъзеҳо ончунон ба дилам зад, ки намедонам чӣ кор кунам!
-Боз чӣ шуд, Аскарҷон? Кӣ туро хафа кард?
-- Эҳ, напурс, Ҳоҷӣ! Бубахш, шояд аз ҳоҷиҳои ин замона фақат ту бошӣ, ки бовар дорам. Аммо баъзеҳо, ба Худо, садқаи ин номи муборак, садқаи ҳаҷу зиёрати Маккатуллоҳ шаванд!
Сафарбек пай бурд, ки гап дар бораи кӣ меравад.
Охир, дар ин гирду атроф ба ғайр аз ў Ҳоҷии дигаре нест! Дар деҳот ҳар хабар ба зудӣ паҳн мешавад. Камоли исқотӣ-«Домоди варзобиҳо»-ро кӣ намешиносад?
Вай чанд рўз аст, ки боз аз ким-куҷое пайдо шуда, дар гирду атроф тор танида гаштааст. Ҳоҷӣ Сафарбек баробари ба деҳа расидан ин хабарро аз аҳли хонаводааш дарак ёфт. Балки ҳоло Камол «Исқотӣ» нест, Ҳоҷӣ аст, Ҳоҷӣ Камол. Дар ин хусус аҳли деҳа кайҳо огоҳанд. Бо кадом мақсад аз раҳи дур ба ин тарафҳо «қадам ранҷа фармудааст», инро ҳам медонанд. Гўё хабаргирии хешони дураш омадааст, ки дар Харангон ду-се нафар мондаанд. Дар асл бошад, нияти ў дигар аст. Баъди мурдани занаш-бечора Моҳитобон арўсе аз ў хушрўтар, ҷавонтар аз духтарони парирўи варзобӣ гирифтан мехоҳад. Ҳоҷӣ Сафарбек аз аҳли хонаводааш боз онро фаҳмида гирифт, ки Камол ҳамдеҳаи Аскар мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё