Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аскар нохушона назаре сўйи вай афканда, бо ифодаи «раҳмат» даст пеши бар ниҳод. Сипас, таноби андозагирро як сў ҳаво дода, ҷойи муносибе кофт, то як дам нишаста нафас рост кунад. Бо ҳамин ният дарахти серсояи арчаеро таги чашм кард, ки дар рў ба рў, аз он тарафи дара қад афрохта буд. Дар қади дара сангу сангрезаҳои шикаста порашудаи хурду калон, бар асари селомадҳо лағжида фуромада, ғарам шуда мехобиданд. По ниҳодан бар болои ҳар яки онҳо хавфи калоне дошт ба ҳар раҳгузар, ки мабодо ковок бошаду канда шуда, ба сангҳои ковоки дигар бархўрад, кор тамом!
Дар як мижжа задан касро аз по меафтонад ва сабук бардоштаву ғелонда, рост ба сўи ҷарӣ мебарад! Дар ин мавридҳо ҳар қадар ҳушёр, ҳар қадар чусту чолок бошӣ ҳам, худро наметавонӣ аз фалокат раҳо кардан! Сарат кафидаву устухонҳоят майда-майда мешаванд!
Бо ҳамин андешаҳо Аскар боэҳтиёт по ба тахтасанги варақине ниҳод, ки ба сангҳои дигари ба ҳамин монанди қади дара роҳ мекушод. Хайрият, санг налағжид, дар замин мехкўб кардагӣ барин сахту устувор буд. Аскар ба санги дуввум, сеюм, чаҳорум… қадам ниҳоду ҷаҳидаву хез зада, дар як дам худро ба он сўи дара гирифт. Он тараф, бепарво, бори танашро сар дода, лағжон-лағжон ба қади нишебӣ пойин мехамид, ки якду қадам дуртар дарахти арча меистод. Аз дил гузаронд, ки «акнун расидам, дар сояи салқин баҳузур дароз кашида, дам мегирам!».
Вале ҳанўз ба таги дарахт нарасида, баногоҳ пояш лағжиду ба санги калоне бархўрд. Санг, ки дар хоки бора ковок буд, якбора раҳо хўрд, ғелида сарозер омад ва чанд пора санги дигарро аз ҷо беҷо карда, рост ба пойин, ҷонибе ҳаракат кард, ки Зумурраду Сайид меистоданд.
Султонзода, ки то ҳол аз он баландӣ ба ҳар як ҳаракати ў синчакорона зеҳн мемонд, ин манзараро дида, дар таҳлука афтод.
-- Ҳой, Зумуррад! Сайид! –якбора дод зад ў-Бероҳа истед! Санг меояд!!!

пешина
аз 208
навбатӣ