Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Чунин одамони маккору дурўя росто дурўғ сар ба замин кўфта, назди Худо саҷдаю тавалло мекунанду аммо Худоро ҳам фиреб медиҳанд! Аз Қуръони Маҷид, аз ҳадисҳои пайғамбар мисолҳо оварда, мардумро ба адлу инсоф, раҳму шафқат, ҳақиқату диёнат даъват мекунанду вале худашон заррае аз одаму одамгарӣ хабар надоранд! Ба номи Худои таоло, бераҳмтарин, беинсофтарин, бедиёнаттарин ва пургуноҳтарин ана ҳамин зотҳоянд!
-- Ин тавр нагўй, Аскар! Ҳар чӣ ҳам бошад, чунин касон тарғибгарони дини мубини исломанд. Аз ҳар чӣ ки ислом ҳаром мешуморад, ба мардум мефаҳмонанд, ки парҳез кунанд.
-- Масалан, аз чӣ?—чашмони пурғазабашро аз Султонзода наканда, пурсид Аскар ва аз авзояш аён буд, ки ба ҷанг тайёр шудааст.
-- Масалан, аз арақ, ки мову Шумо нўши ҷон карда истодаем ва аз шарри ин оби ҳароми иблис сарамон гиҷ шуда, ҳар чӣ ба даҳонамон омад, гуфтан мегирем ва баъзан худ намедонем, чиҳо гуфта истодаем!
Аскар мисли хурўси ҷангара якбора аз ҷой ҷаста хесту ба қадаҳи дар наздаш буда як лагад фуровард.
Қадаҳ парида рафту дар санге зада пора-пора шуд.
-- Ҳеъ, «устод»!—фиххосзанон ба забон овард ў.- Ба худо, ки Шумо моред! Мор! Мисли ҳамон мори сиёҳе, ки қариб Зумрадро мегазид!
-Нафаҳмидам?,-- гардан каҷ карда пурсид Султонзода.—Ту чиро дар назар дорӣ, Аскарҷон?
-- Мефаҳмед!!! Ҳама чиро мефаҳмед!. Аммо шумо баринҳо доимо ана ҳамин хел-дурўяед!! Ҳам дар наъл мезанеду ҳам дар пошна!—Чашмони ў аз ғазаб дар равшании чароғи дар навдаи дарахт овезон медурахшиданд.
Санавбар чун пай бурд, ки баҳси он ҳар ду тезу тунд мешавад, айёрона аз ҷой бархосту назди Аскар омад.
Қасдан китфони нозуку маҳинашро ба тани вай ҷафс карда нишаст ва нигоҳҳои кунҷкобонаашро ба Султонзода дўхт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё