Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шом гузашту як поси шаб фаро расид. Аскар навбати суханро ба кас намедод. Забонаш кўл мехўрду ҳар лаҳза як гапро такрор мекард: «Ку адлу инсоф?! Ку ҳақиқат?! Ку дину диёнат?! Э, бар падараш наълат!».
Вай киро дашном медод, киро мазаммат мекард, ба касе аз он нишастагон равшан набуд; сари ҳар сухан, бо алам аз Гавҳар ёдовар мешуд; беист нақл мекард аз саргузашти ин зан. Ба қавли ў апайи Гавҳар аҷаб занаки хубе будааст. «Баъди кор моро хуб зиёфат дод,— батакрор таъриф мекард ў.-- Шароб ҳам овард, кабоб ҳам. Э, раҳмат, ҳазор раҳмат бар падари ў, бар падари Зумрат, ки чунин духтарони ҳалиму хоксор, заҳматкаш ва дасткушоду меҳмондўстро тарбия кардааст. Ба ғайр аз Зумрату апайи Гавҳар боз шаш фарзанди дигар доштааст, худораҳматӣ бобои Мармар. Ҳамаашон духтар.
Лекин феълу атворашон мард барин…»
Чун сухан ин ҷо расид, Аскар нафасе таваққуф намуд.
Чашмони аз шиддати мастӣ суп-сурхгаштаашро дар рўшании чароғ танг карда, як-як ба нишастагон зеҳн монд. Ба Султонзода, Усмону Қодир ва Санавбар, ба ҳар кадом бодиққат дида андўхта, аз он байн касеро меҷуст.
-- Исқотӣ ку? Гурехт? Ҳеъ! Нагурехта ҳам бинад!
-- Ба ҳар ҳол намерафт, як дам бо мо нишаста сўҳбат мекард, беҳтар буд, -- гўё қасдан ба оташи ғазаби Аскар равған рехта луқма партофт Султонзода.- Бароямон аз он дунё, аз охират, аз биҳишту ҷаҳаннам , аз оқибати ин дунёи фонӣ, ки ба ғайр аз фисқу фасод, макру фанду дурўғ чизи дигаре нест, ҳикоятҳо мекард…
Аскар якбора барошуфт:
-- Чиҳо мегўӣ, Султонзода! Яъне, амри маъруф мекард? Мисли Ҳоҷӣ Мирзо? Чӣ, ту ўро бо Ҳоҷӣ Мирзо баробар карданӣ ҳастӣ? Ҳеъ! Ин пирхар ба нохуни Ҳоҷӣ Мирзо баробар намешавад, фаҳмидӣ?! Медонӣ, Ҳоҷӣ Мирзо олим аст, мактаби олии дини мўъбини исломро дар Арабистон хатм кардааст! Аммо Камол худаш кист?! Бо ном Ҳоҷӣ ҳасту бас! Куҷоро хондааст?
Ман ўро панҷ –панҷаам барин медонам! Як-ду сураву ояте, ки кўр-кўрона азёд кардааст, ба панҷ ракъат намоз хонданаш мерасаду халос!

пешина
аз 208
навбатӣ