Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Бори дигар Аскар дар лаби дарё танҳо нишаста, китобе дар даст, ғарқи мутоила буд. Ҳоҷӣ Камол болои сараш омаду пурсид:
-- Чӣ мехонӣ, Аскарҷон?
-- «Китоби муқаддас».
-- Қуръони Маҷид аст?
-- Не, дар бораи Мусо, Исои масеҳ ва дигар пайғамбарон.
-- Ҳа. Китобҳои мансухро мехонӣ? Ин китобҳоро на фақат хондан, балки бо худ гирифта гаштан гуноҳ аст!
-- Мансух аст ё не, намедонам! Аммо ҳар китобе, ки ба дастам афтад, илм аст, мехонам! Худораҳматӣ падарам ба ман чунин васият кардааст.
-- Ҳмм….. Падарат? Аммо ман ба як чиз ҳайронам, Аскарҷон! Раҳматӣ падарат, худо ҷоша ҷаннат кунад, ҳамин қадар солҳо муаллимӣ карду лекин аз намозу рўза, аз ёди охират дур буд! Афсўс! Ҳай дринга! Ҳай вой-а!
-- Аҷаб гапҳое мезанӣ, Ҳоҷӣ! Оё дар даврони шўравӣ муаллимонро мемонданд, ки намоз хонанд?
-- Афсўс. Сад афсўс! Ҳе, исқотие! Охир, «ман муаллим» гуфта, ана исқотӣ бе пойи таҳорат рафт аз ин дунё! Акнун дар қиёмат чӣ ҷавоб мегўяд?!
-- Ҳой, ту чиҳо гуфта истодаӣ, ба даҳонат нигоҳ карда гап зан, мўсафеди калпанг! Кӣ туро ҳақ дод, ки худораҳматӣ отаи маро таҳқир бикунӣ-а?! Он мардеро, ки чил соли умрашро сарфи муаллимӣ, сарфи таълиму тарбияи фарзандони мардум карда буд, ба онҳо донишу савод, ақлу тамиз, роҳу равиши зиндагӣ меомўхт! Марде, ки дилаш аз об софу аз офтоб равшан буд?! Э, бираве! Бикаш харата аз ин ҷо! -- Аскар хам шуда аз замин сангеро бардошт.—Гум шав, ки бо ҳамин санг зада сарата маҷақ мекунам!
Он рўз Ҳоҷӣ Камол тарсида гурехту ду рўз худро дар пасу пеши хаймаи геологҳо нишон надод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё