Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дили Гавҳар дар он лаҳзаҳо аз оламу одам монда буд; аъзои баданаш тазъиқ меёфт аз ғаму андўҳ, месўхту дард мекард; ба мисле ки бо корд лахт-лахт карда бошанд. Ў бо ин ҳоли табоҳ пойҳояшро дароз карда, дар болои хоку чанг нишаст; хиштеро дар бағал кашиду бо овози ҳазин, дарун-дарун гирист. Нолакашон рози дил мегуфт ба хишт, ба хоки замин: «Эй Хок!
Эй Замин! Эй офаридаи Парвардигори ҳаждаҳ ҳазор олам! Чаро, охир, бо ин ҳама бузургият як сари тоқаи мани беваю бечораро дар худ ғунҷонда наметавонӣ?!
Охир ман чӣ гуноҳ кардам, ба ғайри он ки дар офтоби сўзон аз ту лой хелида, хишт рехта, хушк кардаву тал чида, дар мошин бор мекунам, то ки як даҳан ризқу рўзии худ ва чор тан сағираи бепадарамро биёбам! Хуни ҷигар хўрда, базўр рўзгори сангинамро саришта мекунам! Майлаш, ман шўрбахт шудам бо амри Парвардигор, тақдирам ҳамин будааст. Лекин, хоҳари бечораам чӣ айб дорад? Бигў! Оё аз синаи ту ганҷ кофтан гуноҳ аст? Охир, раҳматӣ падару модари берўзиям ба сарватҳои беҳисоби ту, ки доди Худои таоло аст, эътимод баста, ба мо, духтарони муштипарашон Гавҳар, Беҷода, Садаф, Марҷона, Зумуррад, Марворид, Ақиқ, Нуқра ном ниҳодаанд! Ба умеде, ки аз неъматҳои ту, ай Замини муқаддас, бебаҳра намонем!..»
Гавҳар хост баландтар овоз бароварда, дар он дашти беодам дод занад, фиғон барорад. Аммо ибо кард, аз он ки аҳли деҳа ва мисли Камол айбҷўю ғайбатгарон шунаванд, албатта мегуфтагистанд: «Хоҳаратро мор газидааст, ба мо чӣ? Кӣ ўро маҷбур кард, ки дар адир, сар-сари ёлаҳо гардад? Кӣ гуфт, ки шабҳоро дар хаймаҳо, дар торикшабии дара, бо мардони бегона гузаронад? Охир, вай насронӣ нест-ку! Оё ба зани тоҷик, ба мусулмондухтар мезебад, ки геолог шавад? Ҳамин ҳам касб шуд?!»
Овози шиносе ўро аз ҷой як қад парронд.
-- Апаҷон, зиқ нашавед, Зумрат соқу саломат аст.
Гавҳар сар боло карда, Санавбар ва ду ҷавони барояш ношиносро дид.

пешина
аз 208
навбатӣ