Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъд аз ин яқин донист, ки дигар мадоре надорад барои хишт кашондан.
Бекор намонам гуфта, қабат ба қабат хиштҳои талчидаро ҳисоб кард: «Даҳ, бист, чил, ҳаштод, сад…». Дар рўйи замин, дар он дашти кушод боз се баробар хиштҳои қатору паҳну парешон мехобиданд. Гавҳар аз дил гузаронд, ки бо ин аҳвол то омадани мошин наметавонад ҳамаи онҳоро кашондаву ғарам чидан. «Э, бало ба паси ҳамон мошин! Ҳар чи бодо бод, меравам ба сари ёла! То асли воқеаро нафаҳмам, дилам қарор намегирад!».
Бо ҳамин ният рў гардонд ҷониби дара, ки қад-қади доманакўҳҳо, то сари ағбаҳо тўл мекашид.
Рў гардонду писарбачаи ҳамсояро дид, ки шитобон сўяш меомад. Ҳолати парешон дошт писарбача.
-- Хола! Холаҷон!—раҳораҳ чуқур-чуқур нафас кашида, ба забон овард писарбача.—Апайи Зумрата мор газид!
Гавҳар дигар намешунид он чиро, ки бо имову ишора писарбача ким-чиҳо мегуфту мефаҳмонд. Ў аз ҳуш рафт, дар замин ғелид. Дар домани хоколудааш чанд пора хишти шикаста паҳну парешон мехобид.
-- Холаҷон! Хезед! Хола!— якзайл аз дастонаш мекашид писарбача, то рўи по хезонадаш. Наметавонист, зўраш намерасид. Ниҳоят, давида аз машк, ки дар сояи ғарами хиштҳо гузошта шуда буд, дар кафаш об рехта, бар рўйи Гавҳар об пошид. Гавҳар андаке ба худ омад.
-- Рав, бачам, ба хонаи мо,-- беҳолона гуфт Гавҳар.—Холаҳоят-Беҷода, Садафмоҳ ва Марҷонаро бигў, биёянд.
-- Хуб шудааст, холаҷон!
Писарбача рафту пирамарде роҳгузар пайдо шуд.
Вай асояшро дар ҳалқаи дастон гузаронидаю бори тан бар пушт афканда, рост меистод; болои сари Гавҳар хам шуду лабонаш моили тамасхур, пурсид:
-- Ҳа, духтари Мармари сурх! Чӣ кор кардӣ?
Гавҳар дам назад. «Эҳ, Худо!-аз дил гузаронд ў.— Дар ин лаҳзаҳои ғаму кулфат киро овардӣ ба сарам?

пешина
аз 208
навбатӣ