Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Шароби гарм дар он ҳавои сўзони тирамоҳ якбора ба Аскар таъсир карда буд. Ў ба Зумуррад нигариста, чанд ҳарфе ба тасаллои дилаш ба забон овард:
-- Қандата зан, хоҳар! Ана ҳамин хел, мард барин ба дард тоқат кардан даркор!—Ва ҳар лаҳза ба Султонзода муроҷиат мекард:-- Газ-з те, устод! Лекин мошината ҳам эҳтиёт бикун! С-сабил, ин роҳҳо ин қадар бекора будаанд!
Чун дид, ки забонаш аз таъсири шароб каме кўл мехўрад ва на Султонзода, на Сайиду Зумуррад ба суханонаш эътибор намедиҳанд ва ба қавли Султонзода «ба гўши касе гап намефорад», лаб фурў баст.
Роҳро чанд фарсах хомўшона тай карда, аз пули болои дарёча гузаштанд. Вориди деҳа шуданд. Он деҳае буд, ки Зумуррад мезист ва каме дуртар аз хаймаҳои геологҳо воқеъ буд. Бо маслиҳати устодону таҷрибаомўзон аз рўзи аввали ба ин ҷо-ба мавзеи Харангон омаданашон, рўздармиён нонро дар хонадони Зумуррад мепухтанд. Ду рўз дар талу теппаҳо барои намуна сангҳо ҷамъ оварда, рўзи сеюм ба кашидани тарҳи лоиҳавӣ машғул мешуданд. Ана ҳамин рўзи сеюми ба қавли Аскар «рўзи истироҳат», Зумуррад бо хоҳаронаш дар хона хамир мехелиданд, нон мепухтанд.
Вазифаи Санавбар дар хайма барои шариконаш таом тайёр кардан буд.
Аз деҳа гузашта, Зумуррад худро ба Сайид ҷафс кард, сарашро дарун кашид, бо мақсаде ки касе аз ҳамдеҳагонаш ўро набинаду нашиносад. Чун аз деҳа гузаштанд, ў кўлоҳашро пеш кашида, батамом рўяшро аз назари раҳгузарон панаҳ кард. Ва дар ҳамон ҳолат бо овози хастаҳолонааш аз Султонзода хоҳиш намуд:
-- Устод. Илтимос, дар назди ҳо, ана он зане, ки хишт мерезад, манъ кунад, найистед, тез гузашта равед!
Дарвоқеъ, ба тахмин 150—200 қадам дуртар, дар болои пуштаи на он қадар васеи лаби дарёча, зане дар либоси обшустаю рангпарида миёни даҳҳо адад хиштҳои рехтаву хушкида ҷунбуҷўл дошт. Дар мошин нишастагон, ба ғайр аз Зумуррад, чашм аз ў намеканданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё