Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Майлаш, гап назанӣ ҳам, бедор нишину гўш андоз, ҳар чӣ гўем, ба нафъи шумо, духтарон мегўем!
Султонзода низ гапи Аскарро тасдиқ карда, иҷозат надод, ки Зумуррад дар таги дарахт бихобад. Хайрият, он лаҳза Зумуррад пуштибони худро ёфт. Санавбар ўро тарафгирӣ кард, ки доимо, ҳангоми гирди ҳам нишастанҳо дар паҳлўи Султонзода ҷой мегирифт.
-- Э безор шудем, аз шунидани он, ки ҳама дар бораи занҳо мегўед!— бидирросзанон лаб ба маломат кушод ў.—Дар миёни ҳамин қадар бузбалаҳо ду муштипарро дида наметавонед-чӣ?! Оё шумо, мардҳо дигар гап надоред?!—Ва ба Зумуррад муроҷиат намуд:-- Хоб рав, дугона. Мон, инҳо ҳар чӣ дилашон хоҳад, дар бораи мо, занон гуфтан гиранд. Ба онҳо гўш наандозу бепарво дароз бикаш. Ман ду чашмамро аз ту наканда қаровулӣ мекунам; ҳадде ки дар болои сарат пашшае пар бизанад!
Ҳамин тарафгирии Санавбар баҳона шуду Зумуррад рў ба нишастагон гардонда, сар болои санг монд. Аз байн лаҳзае нагузашта пинак рафт ва беихтиёр хоб бар ў ғалаба кард. Як вақте сар боло карда бубинад, Сайид болои сараш нишастааст ва чашм аз абрувону рухсораҳои гандумгунаш намеканад.
-- Аз хоб сер шудӣ, Зумрат?—бо табассуми гарму ширин пурсид ў.—Тарсидам, ки мабодо ягон ҷонзод ба ту зиён расонад. Барои ҳамин омада дар барат нишастам.
-- Раҳмат,- гуфт Зумуррад чашмонашро молида ва дар лабонаш табассуми миннатдорона ҳалқа зад.
Дигарон бошанд, дар он лаҳза як-як аз ҷой бархоста, тараддуди рафтан доштанд.
…Зумуррад ғарқи ҳамин андешаҳо, саргарми кор, бо қираи чашм оҳиста ба боло, аз пайи Аскару Сайид нигарист, ки то куҷо аз вай дур рафтаанд? Сайид дар баландӣ нишаста, роҳашро мепойид. Аскар қадаме онсўтар, дар ҳамон ҷое, ки тоб хўрда рафтанӣ буд, дар сояи дарахти бодом пушт ба вай гардонда, баҳузур мева мечид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё