Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
*Сарат дард кунад, дардро аз по биҷў.
*Бедорхобиҳои ин шабонро чӣ ҳисоб кунам, ки хоби фардо ҳисоб надорад.
*Паррандае ҳаст зираку доно, бо номи «майна».
Мағзи сарро низ майна гўянд.
Чӣ нисбате миёни онҳост?
*Яке гуфт:
-Дар ҷавонӣ қадам дароз буд, ақлам кўтоҳ. Ҳоло ки пир шудам, Худои мутаол қадамро кўтоҳ карду ақламро дароз.
*Одамӣ ҳама маънии оламро дар як қолиб гунҷонда тавонист, вале натавонист худро дар як қолиби маънӣ гунҷонад.
*Аз ҳад беш шитоб макун, ки ё ягон чизро мешиканӣ, ё аз чизе дасту поят мешиканад. (Ё туро мешикананд).
*Ҳама гуна эътиқодро метавон барҳам зад, ба ғайр аз эътиқод ба Худо!
*Бенавое зуком шуд. Он қадар пайсае, ки дошт, дору харид. Шифо ёфт.
Ва ба зудӣ боз бистарӣ гашт. Ин навбат силкасал шуд. Аз гушнагӣ ва аз ғами бенавоӣ.
*Агар нависандагон ҳамаи ҳунарҳоро меомўхтанд, беҳтарин асарҳо меофариданд.
Оё беҳтар нест, ки ҳама ҳунари нависандагиро омўзад?
*Саги гургшуда хидматчии давлатист, ки ба мақоме соҳиб мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё