Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
-- Хайр, бас, бачаҳо! Рафтем!—Ин овози Султонзода буд, ки аз фарози кўҳдоман ба гўш мерасид..— Кор тамом! Вақт шуд. Чошт мехўрем!
Сайид зоғнўлу болға ва таноби андозагирро дар замин партофту даст ҷунбонда, ишора кард: «Рафтем!» Ва пушт гардонда ба сўйи баландӣ раҳсипор шуд. Аскар низ майли рафтан кард. Аммо Зумуррад аз ҷой наҷунбид.
-- Шумо равед, акои Аскар,-- гуфт ў.—Ҳамагӣ даҳ қадами дигар мондааст. Барои ду рақами дигар намуна мегираму зуд меоям.
Вай «ду рақами дигар» гуфта ду чуқурчаи дигарро дар назар дошт, ки Сайид кофта тайёр карда буд ва ҳар яке дар масофаи ҳашт-даҳ қадам дуртар аз ҳамдигар ҷойгир буданд. Дуввумӣ аз бехи дарахти пири бодом, дар қабати шохаҳои анбўҳ базўр менамуд.
-- Хайр, ихтиёрат,-- зери лаб ғурунгос зад Аскар ва даст афшонда ба рўйи сангрезаҳои тани бора қадам ниҳод.
Зумуррад майл надошт ба рафтан. «Аз рафтан чӣ фоида? Садқаи нон шавам, ношукрӣ нашавад, ба серӣ аст. Ҳақи маро мемондагистанд. Оби чашма таҳт надорад. Тар куну бихўр, ҳар қадаре ки шикамат мебарад.
Ҳамин аст хўроки чошт-таоми нисфирўзии геологҳо».
Ғаму хаёлоте дилашро мефушурд. Худро танҳою бекас ҳис мекард. Бо ғазаб болға ба сари санге зада, шикаста майда карду дилаш каме таскин ёфт.
-- Нона дар оби чашма тар карда мехўранду даррав ба гап сар мекунанд.—боз аз дил гузаронд Зумуррад.- Аниқтараш, ғайбат сар мешавад. Султонзода сўҳбатро аз мазаммати занони тоҷик мекушояд: «Занону духтарони деҳоти мо, ба ростӣ, ҳаққу ҳуқуқи худро намедонанд,- мегўяд ў.—Имрўз баъзе духтарони деҳот то синфи ҳаштум мехонанду тамом! Ҳоло қадрас нашуда, ба балоғат нарасида, зори онанд, ки хостгоре пайдо шаваду домодшаванда пир аст, ё ҷавон, фарқ надорад, дарҳол розӣ мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё