Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

*Тамоми умр сабр кардам. Ниҳоят, ба мақсад расидам, ки он марг буд.

*Пирамарде садсола дар ҳолати ҷон кандан буд ва ҳазён мегуфт: «Ай Худо! Ку шахсе, ки маро панде бидиҳад, то роҳу равиши зиндагонӣ омўзам!»

*Умр пеш меравад ё қафо? Кам мешавад ё зиёд? Кӣ медонад?

*Гуфтам: «Дар пеши ягон кас сар хам намекунам!»
Оё «Кас» Инсон нест? Ё тавба! Пас, ман Шайтонам?!

*Моро, ки дар рўшанободем, аз зулмот метавонанд дид. Вале дар зулмотобод чӣ амалҳое зишт содир мешавад, афсўс, мо дидан наметавонем!

*Ҳар гоҳе хабари ҷанозае мешунид, бетаъхир мешитобид дар сафи дигарон, то қиммати ин дунёро шиносад.

*Аз шахси беҳаё қадри як пора либос болотар аст, ки аврати касро мепўшонад.

*Намоз гузоридан антивирусе дар компутери ботин аст.

*Ситоиши беҳад аз фуқаро шунидан санги ғафлатест, ки пешвоёнро пешпо медиҳад.

*Пирамарде мариз фаро расидани дами маргро пеши назар оварда, фарёд кашид: «Ай Худо! Он рўз кадом рўзи ҳафта, кадом соат, кадом дақиқа ва кадом сония хоҳад буд?!»

*Магасро меронам гуфта, ба рўйи худ чанд шаппот зад.

пешина
аз 208
навбатӣ