Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
*Аз насиҳати сардор ба котибаи танбал:
-- Як шўе бикун, ки модар дошта бошад. Вагарна бе хушдоман азоб мекашӣ!
*-- Шодам, ки духтарҷони хабаркашаки ман келини шумо шуд, қудоҷон! Худо хоҳад, ба очааш фақат хабарҳои хуш мерасонад.
*Аз эълони мағозаи китоб:
«Ба муштариён иҷозат дода мешавад, ки қабл аз харидории китоб онро варақ бизананд, то пул дода, пушаймон нашаванд.»
*-- Мегўянд, ки дар коргоҳатон Шумо аз ҳама босаводтаред?
-- Не. Дигарон аз ман камсаводтаранд.
*-- Э-ҳа! Табъаш он қадар нозук аст, ки аз бинӣ боло гап зада намешавад-е!
-- Пас, аз бинӣ поён гап занед!
*-- Ҳе, устод! Ҳамин Шарофат ба сўям ончунон нигоҳҳои ташна меафканад ки!.. Ба гумонам, дилаш ба ман мекашад.
-- Албатта, шогирд! Охир, ту як ҷавони сап-сафеди базебу хушрў бошӣ!.. Дили ман ҳам ба ту мекашад…
*Дастро бо ду мақсад дароз мекунанд:
Барои гадоӣ.
Ва барои дўстӣ, дар нохунак ва бенохунак.
*Аз рўе ойина шукуфт, в-аз дигаре шикаст.
*Ҳайфи чиҳил ёсин, ки ў намурд!
*Хоҳӣ, ки қиммати умрро дарёбӣ, ба садои дилат гўш неҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё