Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
-- Ана бубин, Сайид ғами туро хўрда ёрӣ медиҳад, ба ҷойи ту барои интихоби сангҳои намунавӣ чуқурчаҳо мекобад…-- ба хати ҳаракати тарҳи лоиҳавӣ ишора карда гуфт Аскар.-- Сайид бачаи хуб аст.
Зумуррад гўё суханони ўро намешунид, сар боло накарда бештар машғули кор шуд. Сангчаҳоро аз ғалбер гузаронида, ба халтача меандохт, рақам мегузошт ва ба Аскар медоду ҳадаҳа аз ҷой бармехест, пеш мерафт ва бар болои нуқтаҳои дигари сангҳои намуна сар хам мекард.
Аскар халтаи сангчаҳо дар даст, бори вазнини танашро кашолакунон лағжидаю афтида аз пайи ў дар девори бора базўр мехазид.
-- Офарин, хеле пеш рафтем!-- ҳашшасзанон оби даҳонашро фурў бурда лаб ба таъриф кушод.-- Маро шалпар карда бошӣ ҳам, як илоҷ карда дарёбат мекунам. Муҳим он ки аз дигарон қафо намонем, шуд…
Вай халтаи дасташро бовиқор боло бардоштаю аз дур ба Сайид нишон дода, бо овози хиррӣ, ки ҳалқаш қоқ шуда буд, нидо кард:
-- Ҳой Сайид! Бубин! Ба рақами 20-ум расидем!
Зумуррад сар боло карда кунҷкобона ба Сайид назар афканд, то бифаҳмад, ки ў то кадом андоза аз кори гурўҳашон қаноатманд аст. Чашмони онҳо сонияе ба ҳам печиданду чеҳраи Сайид боз ҳам шукуфон,чашмонаш рўшантар шуд, табассум дар лабонаш гул мекард. Зумуррад ҳамоно нигоҳҳояшро аз ў гурезонда, боз ба кор сар хам кард.
Ин ҳолати онҳо аз нигоҳҳои кунҷкобонаи Аскар пинҳон намонд. Вай ҳиллагарона пушти сар хорид.
-- Ба ростӣ, Сайид на танҳо бачаи хуб, балки хушрў ҳам ҳаст. Аз ҳар ҷиҳат ба таъриф меарзад. Ҳамин тавр не, Зумрат?
-- Ман аз куҷо донам! Ҳе, акаи Аскар, як гапҳое мепурсед-ки…
-- Чӣ ноз мекунӣ, духтар! Медонам, ки шумо ҳамдигарро нағз мебинед! Агар муҳаббати шумо ишқи ҳалолу покиза бошад, пинҳон кардан чӣ лозим?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё