Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мард шуд!!!
Бахт мехоҳӣ магар?-
Ин аст БАХТ!!!

ГЎРКОБ

Гўркобе бар лаҳад андохт сар,
Қадди худ андоза кард аз қадду бар.
Гуфт: «Ай мардум, ба сўям як назар!
Маскане беҳтар аз ин бошад магар?!».

ГЎШӢ

Чун яке бар фиғони ў нашнуфт,
Он яке аз алам ба афғон гуфт:
«Аз ҷазо мушт бар фаромўшӣ
Сахт бояд задан ду-се гўшӣ!
Гар ба ғафлат бувад, шавад ҳушёр,
Ё батар кар шавад, кари беор!»

БЕПАДАР

Якеро зи дунё падар даргузашт,
Ки вай худ палиде буду худпараст,
Ки гирди ғами ҳеҷ кас менагашт.
Яке гуфт: «О, ваҳ! Падар доштаст?!».

РАҚИБ ВА ДЎСТ

Яке бардошт рўзе бар сарам мушт…
Якеям Дўст ногаҳ омад аз пушт.
Бад-он азме, ки дорам пуштибоне,
Расиду сахт бигрифтам дар оғўшт.
«Чӣ кардӣ?! -гуфт.-Ин кас кист?!».
Гуфтам:
«Яке шўхест, к-ў аз хандаам кушт!»…

АЪРОФ

Эй, ту медонӣ магар Аъроф чист?-
Дар миёни неку бад истодан аст.
Кас надонад ҷуз Худо, к-охир маро
Ҳамнишин будан киро з-он ду тан аст…

КОФАРОН

Ду бародар муштҳо карда гиреҳ,
Дар забон дашному алфози қабеҳ,
Аз пайи нооштӣ бархостанд,
Ҳамдигарро нобародар хостанд.
Ҳар ду муслим, ҳар ду мўъминзода буд,
Ҷойгоҳи сабзашон саҷҷода буд.
Гўш бинҳоданд бар шайтон зи ҷаҳл,
Ҷанги он ду тан набудӣ кори саҳл.
Аз сару рўю даҳон мерехт хун,
Бо туфу бо хок меомехт хун.
Ҳолашон дида, падар хун мегирист,
Оҳ, бадбахте чу ман, мегуфт, кист?!
Гуфт: «Фарзандони ман! Бас! Баъд аз ин
Ман шуморо нашмарам аз аҳли дин!
Бар шумо набвад раво хондан намоз,
Бар Худо кофист гуфтан аз ниёз!
Дасти ҳам бар оштӣ гар наспаред,
Кофаред!
Аз кофарон ҳам бадтаред!!!».

пешина
аз 208
навбатӣ