Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ТИЛЛО
Раҳгузар будам,
Ки марде
Рӯ ба рӯям омаду гуфто,
Ки савдо мекунам ман соати тиллоиямро?
Гуфтам:
«Арзон мефурӯшӣ?»
Гуфт:
«Арзон нест тилло!»
Гуфтамаш:
«Рав, вақти тиллойии ман арзон гирифтӣ!»
Рост гуфтам?

ИМТИҲОН

Аз пайи кӯр имтиҳон кардам,
Бо асо роҳи рост мепаймуд,
Ба Худо, роҳи рост мепаймуд!

Бар раҳи дур бехато мерафт,
Ба Худо, кӯр бехато мерафт!

Аз пайаш бегумон қадам мондам,
Дар раҳи имтиҳон қадам мондам.
Рафтаму рафтам…
Ай Худо, тавба!

Пойи ман шуд бурун зи роҳи рост,
Шармам омад, ки чашми ман биност…

МЎРЧА

Мӯраке ди маро ба хон омад,
Гушна буду ба бӯи нон омад.
Аз лаби нони ман газиду бихӯрд,
Чӣ аз ин хӯрданаш зиён омад?
Зарраи дигараш кашиду бибурд,
Бурданаш бар худаш гарон омад.
Пас, маро з-ин табассуми гарме,
Аз паси мӯр бар лабон омад.
Ҳамсарам гуфт: «Аз чӣ хандидӣ?»
Рафт, гуфтам, ки меҳмон омад…

ГЎШТУ НОХУН

Бо шикоят дўш марде мустаманд,
Лаб кушуд аз ҳокимони давр чанд.
Гуфт: «Моро ҳоким аз кибри баланд
Мисли як нохун нагирад дар писанд!
Одамӣ, охир, чу гўшту нохун аст,
Аз ниёкон монда ин санҷида панд.

Лоҷарам, гар ду ҷудо бошад зи ҳам,
Бар равони одамӣ ояд газанд!».
Гуфтам: «Оре, нохун аз ҷон сабз шуд,
Чун дароз афтад, варо қайчӣ зананд…»

КИТОБ

Рў ба рў бигзоштам рўзе Китоб,
Дар бараш нуқлу шароби бо кабоб.
Чашмро гуфтам, ки : «Бинмо интихоб!»
Ақл гуфто: «Ҳай мисоле! Ку ҷавоб?!»

ҚАБЗ

Он яке чун қундузи зери тапак
Ҳар замон боди шикам медод сар.
Ки: «Табибонам иҷозат додаанд,
Зуд мирам, қабз накшоям агар!»

пешина
аз 208
навбатӣ