Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Аз ростӣ? Э, офарин, апаҷон!
Қандата зан! Лекин апаҷон, худата эҳтиёт кун, пул меёбам гуфта, ҷони ширината дар азоб намон…Хайр, апаҷон!..»
-- Аз афташ соҳиби пули калон шудааст, апаат?— кунҷкобона пурсид Аскар.
-- Ҳа. Худи ҳамин саҳар соҳиби сад доллар шуд.
-- Чӣ?—нобоварона воҳима ангехт Аскар.—Дар як рўз сад доллар? Чӣ кор мекунад апаат?
-- Бизнес!—хандид Зумуррад.
-- Э, вай бизнесмен аст? Нағз-ку! Хоҳари чандумат?
-- Апаи калониям.
-- Шў дорад?
Аз ин пурсиш рўйи Зумуррад тира шуд. «Боз ҳамон савол! Ўро Аскар не, Аҳмади порина ном ниҳодан даркор! Истода-истода як гапҳое мепурсад, ки намедонӣ, чӣ ҷавоб гўйӣ»,—норозиёна аз дил гузаронд ва сахт карда бо киноя гуфт:
-- Неъ! Шўяш мурдаст!
-- Ҳа, бубахш, хоҳарҷон. Нафаҳмидам.


Акнун Зумуррад аз чанд лаҳза пештар дида, худро сабуку хушҳол эҳсос мекард. Суханони нарму тасаллобахши Аскар ва хабари хуши апааш-Гавҳар, ки дар як рўз сад доллар даромад кардааст, ба вай болу пар бахшида буданд. Хастагӣ каме аз вуҷудаш рафъ гардида буд. Болғаи дасташ он қадар гарон наменамуд. Ҳар санге, ки мезад, бо як зарба дуним мешуд. Дар вай беихтиёр нерўе пайдо шуда буд, ки пайваста ба пеш, ба сўйи баландиҳои ёла телааш медод. Аз замин озод мебардошт қадамҳояшро, ки то ин дам аз беҳолию бемадорӣ базўр кашола мекард.
Вай аз ҳавои салқину форами кўҳистон чуқур нафас кашида, қоматашро рост кард. Гўё болу пар бароварда, мехост дар хати муқобили тарҳи лоиҳавӣ бидавад, ба мисле, ки дар бачагияш меҷаҳид сарсари ҳамин ёлаҳои барояш шиносу азиз- аз пайи бузу бузғола ва гўсфандон, хез мезад аз санге бар санге, меваҳо мечид аз шохаҳои дўлонаҳову даҳан ширин мекард.

пешина
аз 208
навбатӣ