Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сахт касал аст, дар рўш ранг намондааст, вале зўран дар мошин савораш кардем, ба хотири он, ки аз табиати фораму дилкушои Варзоб нафас кашида, баҳри дилаш кушода шавад, каме дар чорбоғи дўсти наздикаш Сафарбек нишаста, дам гирад, қувват гирад…
Лекин, афсўс, ба назди заводи семент расиданду на пай буду на ҳайдар! Аллакай мошинашро соз кардаву онҳоро интизор нашуда, рафта буд Ҳоҷӣ!
Дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд суръати «Ҷип» боз ҳам баланд шуд. Ба як маънӣ, саманди бодпост, ҳай медавад, ҷонвар! Онҳо акнун ба он умед бастанд, ки ба мошини Ҳоҷӣ дар гардишгоҳи Харангон ва ё дар ними роҳ, ё ҳеҷ набошад, дар даромадгоҳи деҳа расида мегиранду Аскарро ба «Нива» мегузаронанд. Бо ҳамин ҷонашон аз Гавҳар халос! Вай намебинад, намедонад, ки Аскарро маҳз дар мошини ў аз Душанбе савор карда овардаанд!
Бигузор Гавҳар гумон кунад, ки онҳо дар ҳамаи ин муддат мошин соз кардаанд, мошини Ҳоҷиро. «Сабил монад, ин «Нива», ғам дод, хеле ғам дод, ҳарчӣ ҳам набошад, тамғаи кўҳна-да! Тамоман аз кор мондааст, шалақ шудааст! Э, ин Зумрад бало будааст! Тамоми қисмҳои мошинро панҷ панҷа барин медонистааст. Агар ў намебуд, аз куҷо соз карда мешуд ин мошинро?!».
Ана ҳамин баҳонаҳоро тайёр карда монда буд дар дил Файзулло. Ҳамин ки ба деҳа расиданд, аввал ў ба гап мегирад Гавҳарро. Ҳамчун як нафар қаламкаш, ҳамчун як нафар «сухандон» коре мекунад, ки Гавҳар Зумуррадро бисёр ҷанг накунад, димоғи бе ин ҳам сўхтаи ўро батар насўзонад…
Гардишгоҳи Харангонро гузаштанд, масофаеро чанд дар роҳи пасту баланди кўҳдоман тай карданд.
Вале ҳеҷ не ки аз пеш мошини Сафарбек намудор шавад. Аз афташ, Ҳоҷӣ ким-кайҳо вориди деҳа шудааст.
Чун ба Харангон наздик расиданд, аз дур занеро диданд, ки дар сари як нишебӣ истода, ду чашм аз роҳ намеканд.

пешина
аз 208
навбатӣ