Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бигў ба хонанда, фаҳмон, ки шиори қаҳрамони мо-Аскар дар зиндагӣ як аст:
«Баробарӣ! Баробарии иҷтимоии ҳамаи зодагони рўи
Замин!» Худои мутаол, албатта, панҷ панҷаро баробар наофаридааст! Вале ин панҷ панҷаро чунон ҳам насохтааст, ки як ангушт аз ангушти дигар даҳ маротиба дароз бошад! Худо тамоми неъматҳои рўи Заминро барои бандагонаш муҳайё карда, даъват мекунад, ки «бандагонам, неъматҳои додаамро аз рўи адолату инсоф бо ҳамдигар қисмат намоед!»… Оё ту метавонӣ, ҳамаи инро навишта?! Оё туро касе аз ин амалдорони ноинсоф гўш мекунад? Оё китоби навиштаи туро чоп мекунанд?
А? Э, бар падари ин Дунёи ношуд наълат!!!
Вай инро гуфту ба нафрат рў ба девор гардонда, болинро ба сараш кашид ва якзайл, чуқур-чуқур нафас кашида, ҳиқ-ҳиқ ба гиря даромад.


Дар бозгашт, агарчанде суръати мошин аз пештара баландтар буд, ин дафъа дили Файзулло он қадар ваҳм намекард. Балки баракс, вай Зумуррадро шитоб мекунонд, ҳадаҳа мекард:
-Газ диҳед, апайи Зумуррад! –чун вориди шоҳроҳи хиёбони Рўдакӣ шуданд, таъкид кард ў.-Лекин, илтимос, ҳушёр шуда, боэҳтиёт ҳай кунед!
«Охир, дар ин муддати на камтар аз як соат хуни ҷигар хўрд духтари бечора,-дар паҳлўи Зумуррад нишаставу мисли ў бодиққат чашм аз роҳ наканда, аз дил мегузаронд Файзулло.- «Ҳозир меоям, апаҷон!»-гуфта, ин қадар баҳонаҳо меҷуст дар ҷавоби пайи ҳам занг заданҳои Гавҳар, ин қадар дурўғ мебофт, ки «қариб омадаст, апаҷон, мошини амаки Сафарбекро соз мекунем!».
Баъдан ҳар ду майле доштанд, ки ҳарчи зудтар Сафарбекро дарёб кунанд. Ба вай гўянд, ки супоришатро ба ҷо овардем, «шодиёна» гиранд, ки як илоҷ карда Аскарро розӣ кунонида овардем! Ана Аскар, дар курсии қафо, якпаҳлў дароз кашида хобидааст.

пешина
аз 208
навбатӣ