САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
СТАНДАРТҲОИ ИТТИЛОТӢ ВА ЭТИКА ДАР РАСОНАҲОИ НАВ
Мӯътамад (саҳеҳ, эътиборнок) – ҳар як хабар бояд аз сарчашмаи мӯътамад гирифта бошад. Банди 8. Кодекси меъёрҳои этикии ҷурналисти Қирғизистон (дар оянда ЭКҶК) муайян мекунад: « Ҷурналист дар ягон ҳолат набояд иттилооти бардурӯғ интишор кунад». Банди 19.
«Ҷурналист барои гирифтани маълумот, ҳуҷҷат, акс, аудио ва видео сабтҳо дар асоси қонунгузории Тоҷикистон кӯшиш кунад». Деклоратсия принсипҳои рафтори Федератсия байналхалқии ҷурналистон қайд мекунад,
Ҷурналист вазифадор аст, дар интишори маълумот ба далелҳо такя кунад, ки пайдоиши онро медонад (принсип 3).
Ҷурналист ба маълумоти муҳим беътиной ё сохтакорӣ набояд кунад. Дар асоси Кодекси нормаҳои этикӣ (Ҷамъияти ҷурналистони касбӣ,1996) ҷурналист вазифадор аст, ки «аз рӯи имконият сарчашмаи хабарҳои ворид шударо» нишон диҳад. Омма аз ҳад боваринок будани маълумотро донистан ҳуқуқ дорад».
Ҷудо намудани далелҳо аз шарҳҳо. Пункти 10 Кодекс муайян мекунад: « Далелҳо, доварӣ кардан, тахмин кардан ҳар яки онҳо аз ҳамдигар ҷудо бояд бошанд». Бинобар ин. Муайян шудааст, ки дар сюҷетҳои классикии хабарӣ ё дар мақолаҳо набояд суханҳое бошанд, ки фикр ё баҳогузории муаллифро нишон диҳанд, фикр ё баҳои касе бе далел пешниҳод шаванд.
Дақиқӣ. Деклоратсияи принсипҳои рафтори федератсияи Байналхалқии ҷурналистон муайян мекунад, эҳтиром нисбати ҳақиқат ва ҳуқуқи ҷомеа ба ҳақиқат – вазифаи аввалини ҷурналист (принсипи 1). Дақиқӣ, бо диққати том, далелҳоро дигаргун накардани далелҳои гуфташуда ё иқтибос кардани касе, дуруст навиштани вазифа, ном, номгузории ҷуғрофӣ ва ғ. дар назар дорад.
Пурра пешниҳод кардани далелҳо ва маълумот оиди муаммо – стандарт, дар мавод на танҳо ҷавоб ба саволҳои комилан « Кӣ? Чӣ? Дар куҷо? Кай?», инчунин «Чӣ тавр?
«Барои чӣ?» дар нзар дошта шудааст. Ҳамаи мавзӯъ маҷмӯи пурраи далел ва афкорро талаб мекунад. Барои ҳамин вазифаи ҷурналист - ҳамаи инро аз сарчашмаҳои боэътимод пайдо кардан аст. Дар принсипҳои байналхалқии этика ҷурналистӣ омадааст:
Вазифаи аввалин дараҷаи ҷурналист – таъмин намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба маълумоти дақиқ ва объективӣ бо воситаи дуруст пешниҳод намудани рӯйдодҳо, вақте, ки далелҳо дар қисмати худи матн , бо ишора кардан ба алоқаҳои гуногун, бе вайронкунӣ ва аз тараф ҷурналист эъҷодкорона коркард шуда бошад» (принсипи 2).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё