САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
СТАНДАРТҲОИ ИТТИЛОТӢ ВА ЭТИКА ДАР РАСОНАҲОИ НАВ
ДАСТУР БАРОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОН.
Дар анъанаҳои расонаҳои ғарбӣ тафриқаи саҳеҳи хабарҳо, далелҳои (news, ҷурналистикаи иттилоотӣ) ва фикрҳо (opinions, публисистӣ) медоданд. Агар, ки ин «фикрҳо» на онқадар беибо набошанд ҳам, ҳамеша ба далелҳо ва далеловарии логигӣ, ба ҳақиқат такя мекунанд, муаллиф имтиёзи гуфтани фикри шахсии худ, «ман»- и муаллифии худро таъкид карда метавонад. Хабарҳое, ки сутуни аввалин рӯзномаҳоро ишғол мекунанд ҳамеша беғараз ва хушк будан, афкорҳои дигар саҳифаҳо камбудии эҳсосотии маводҳоро, ки хонднаш завқорау, аз ҷияҳати ғоя суст ҷойдоштаро пур мекарданд.
Дар ҷаҳони корӣ асоснок шудааст, ки – маълумот оиди нархи қоғазҳои қимматнок дар бирҷаҳо бояд аз пешгӯиҳои эксперҳо ҷудо карда шаванд. Мумкин, ҳамин тавр стандартҳои асосии иттилоотии ҷурналистон – стандарти ҷудо намудани иттилот аз (далелҳо) ва афкорҳо (шарҳҳо).
Ҳатман, расонаҳоро сад сол қабл низ ин гуна «айб/камбудиҳои» ба мо шинос – саросемагӣ, баъзан бедиққатӣ дар омода намудани мавод, ки дар натиҷаи давидан аз қафои ҳангоматалабӣ, баъзан – хабарҳои озод «овозаҳои бардурӯғ» (газетнқе утки) (алҳол мо онро «фэйк» меномем) таъқиб мекард. Дар ҳамон вақт низ чун имрӯза ҷомеаи рӯзноманигорон мефаҳмиданд, ки сармояи асосии расона – ин боварии муштариён аст. На адади нашри якрӯза, на даромдаи бо суръат, маҳз боварӣ ба нашрияҳои Times ( соли 1785 дар Британияи Кабир таъсиси ёфтааст), LeSoire (1887, Белгия), TheWallStreetJournal (1889, ИМА) дар гузашти садсолаҳо мақеи пешравии худро нафақат дар дар бозори иттилоот, нафақат дар давлатҳо, балки дар тамоми ҷаҳон нигоҳ дошта истодаанд.
Махсусан, хоҳиши «даъвати ҳама, ки бо ҷурналистика сару кор доранд, ба худ ҷавобгарии паҳни иттилоотро новобаста аз намуди расона»
(алҳол Ҷамъияти ҷурналистони касбӣ, ИМА) соли 1922 Ҷамъияти ҷурналистони касбӣ муҳаррирони рӯзномаҳро даъват намуд, ки принсипҳои Деклоратсияро ҳамчун ҳуҷҷати дохилӣ, ки баъдан хеле паҳн шудддааст ташкил кунанд. Имрӯз асоси Кодексҳои миллии этикаи ҷурналистро принсипҳои Деклоратсия (Федератсияи байналхалқии ҷурналистон) ва принсипҳои Байналхалқии этикаи ҷурналистӣ (ЮНЕСКО) ба шумор меравад. Дар қисми аввали Кодекси мазкур – ҳуқуқи мардум барои гирифтани маълумоти дуруст гуфта шудааст. . Нормаҳои байналхалқии мазкурро бо бо моддаи 8 Кодекси этикии ба ҷурналисти Қирғизистон (ЭКҶК): «Ҷурналист, дар ягон ҳолат маводи бардурӯғро нашр накунад…».
Ана барои чӣ донишҳо оиди стандартҳои этикӣ фақат барои мутахассисоне, ки маҳсулоти иттилоотӣ омода мекунанд, балки ба истеъмолкунандагони охирин низ муҳим мебошад. Аналогия бо дигар маҳсулотҳоро низ дар ин ҷода қайд кардан ҷоиз аст. Агардар бозор ба шумо маҳсулоти бе сифатро дар ниқоби маҳсулоти хуб пешниҳод кунанд ба саломатии шумо зарар дорад. Агар ба омма маводи паст сифатро/ иттилооти бардурӯғро пешниҳод кунанд , албатта омма онро пай набурда «бемор» мешавад, мисол, чанд маротиба шоҳид шудаем – оиди номзадҳо имконияти пурра ва шаффоф маълумот гирифта наттавониста чӣ тавр интихоби друст кардан мумкин аст. Мамлакатро пас аз ингуна «бемориҳо» «ларза овардан», ба талофот ва ҳодисаҳои нохуш оварданаш мумкин мебошад.
Ба ғайр аз ин, дар давраи хост-нохост ҳар яки мо нафақат истеъмалкунанда, балки эъҷодкунанда ва паҳнкунандаи иттилоот мебошем баъзе маълумотҳоро оиди стандарттҳои касбӣ бояд донем. Дар харидорӣ намудани телевизиор, мо дастур оиди истифода онро, ҳамчун лавозимоти рузғор мегирем. Аммо дастур оиди дарки иттилоот ва интихоби бҳарномаҳои телевизионӣ пешниҳод намешаванд. Аммо, иқрор шавед, ҳар яки мо истифода бурдани маҳсулоти беҳтаринро (аз он ҷумла иттилоотӣ ), ки бо риояи стандартҳо омода шударо мехоҳем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё