Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

1.6. МАНИПУЛЯТСИЯ БО ВОСИТАИ РАСОНАҲО (МЕДИА)

Хатари беғштар барои инсонҳо ва сохти давлатдории демократӣ истифодаи расонаҳоро барои манипулятсияи сиёсӣ мебошад. Манипулятсияи сиёсӣ – ин идоракунии пӯшидаи афкори сиёсӣ ва рафтори одамон бо мақсади маҷбур кардани онҳо барои амал кардан ё накрдан ба манфиати манипулятор, бо талқин кардани ақидаи манипулятор ба шахси манипулятсияшуда бо таъсиркунии пӯшида дар ҳамаи ҷамъият вуҷуд дорад. Аз ин бар меояд, ки мафҳуми манипулятсия тобиши манфӣ дорад. Аммо дар ин ё он дараҷа манипулятся дар ҳамаи ҷомеа вуҷуд дошт ва вуҷуд медорад.
Акнун манипулятсияро дар расона ба манфиати шахсӣ ва сиёсӣ чӣ тавр истифода мебаранд дида мебароем. Дар баъзе ҳолатҳо манипулятсияи афкори омма вазифаи асосии ин ё он ВАО буда метавонад. Манипулятсия кардан, усули идоракунии ҷомеа ва барои субъектҳои он нисбат ба таъсири ифтисодӣ ва ҷисмонӣ усули беҳтар ба ҳисоб меравад. Манипулятсия барои идорашавандагон ноаён истифода бурда шуда, бе хунрезӣ ва қурбони, бе хароҷоти зиёд барои зархариди ё ором намудани якчанд мухолифини сиёсӣ истифода мешванд. ВАО воситаи асосии манипулятсияи сиёсӣ шуда метавонад, чунки барои таъсир расонидан ба мафкураи аҳолӣ захира ва имкониятҳо зиёд доранд.

Манипулятсияи асосии сиёсӣ ҳақиқати аз тарафи ВАО эъҷод шуда мебошад. Барои мисол, лар даврони Шӯравӣ, ВАО воситаи ташвиқоти ҳизбии давлатӣ ба шумор мерафт ва дар саҳифаҳои расонаҳо, радио ва экранҳои телевидения «ҳақиқат» - ро, ки дар асл аз шароити воқеъи куллан фарҳ мекард ба вуҷуд меовард Дар шароити кунунӣ эъҷоди «ҳақиқати алтернативӣ» дар образҳои расона метавонад ба дигаркунии ҳақиқати аслӣ бурда расонад.
Барои намуна, маводҳое, ки аз тарафи рақибон фармоиш шудааст метавонад муаммоҳои зиёд ва вуҷуд орад ё қатъ шудани субъекти тиҷоратӣ бошад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, иттилоот хеле зиёд ва дастрас шуда истодааст, дар ВАО иттилоотҳоро, ба муштариён пешниҳод карда мешаванд интихоб мекунанд. Дар ВАО ба ин ё он ҳодисаҳоро муҳокима намудан аввалият медиҳанд. Масалан, ВАО – ҳое, ки тарафдори давлат ҳастанд аксияҳои эътирозӣ, ки бар зидди ҳокимияти амалкунанда мебошанд инкор мекунанд ёинки фактҳоро дигаргун шарҳ медиҳанд, ки ин ба муносибати манфӣ нисбати мухолифат (оопозитсия) бедор мекунад.

пешина
аз 126
навбатӣ