САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
МУҚАДДИМА
Дар ҷомеаи демократии замонавӣ рассонаҳо (воситаҳои муошират) дар шаклгирии ақидаи ҷамъиятӣ нақши калонро мебозанд. Имрӯзҳо вазифаи асосии рассона – ин иттилоъ додани шаҳрвандон дар бораи ҳодисаҳо дар мамлакат ва ҷаҳон мебошад.
Дар замони муосир ба шахси саводнок танҳо хондан, навиштан ва шуморида тавонистан нокифоя мебошад. Ба воситаи рассонаҳои гуногун ва дигар каналҳои иттилоотӣ ҷараени калони иттилоъ меояд. Хонандагон маҳорати дарёфтӣ, фаҳмиданӣ, баҳодиҳии интиқодӣ ва маълумотро барои истифодаи худ баёнкунӣ надоранд. Барои ин ба онҳо малакаҳое лозим мебошанд, ки дар умум саводнокии иттилоотӣ рассонавӣ номида мешавад.
Ҳаёти имрӯзаи мо аз иттилоот ва технологияҳои муоширатӣ ногусастанӣ аст. Барои саводи рассонавӣ доштан малакаҳои истифодаи иттилоот ва технологияҳои информатсиониро доро будан лозим аст.
Дар зери таъсири технологияҳои иттилоотии нав ҷараёни муошират ва рафтори одамон хеле таъғир ёфтааст.
Имрӯзҳо ҳар як шахс метавонад дар эҷоди мундариҷа (контент)-и воситаи ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ иштирок намояд, хабарҳои шахсии худашро эҷод намояд ва онро дар Интернет ҷой диҳад. Дар айни замон Интернет ё шабакаи ҷаҳонӣ сарчашмаи асосии иттилоот мебошад.
Истифодаи Интернет имконпазир месозад:
- дастрасӣ пайдо кардан ба китобхонаҳои электронии гуногун, маълумотномаҳо (ҷуғрофӣ, махсус, суроғавӣ ва ғайраҳо), луғатҳо;
- равона ва қабул кардани хабарҳо, ҳуҷҷатҳо, матнҳо, аудио-, фото- и видео маводҳо, аз ҳодисаҳои дохилаю беруна бохабар будан;
- забонҳои хориҷӣ, информатика ва дигар фанҳоро фосилавӣ омӯхтан;
- дар викторинаҳо, олимпиадаҳо, озмунҳо, телеконференсияҳо, шӯроҳои илмӣ иштирок кардан;
- сохтани шабакаҳои шахсӣ;
- истифодаи почтаи электронӣ;
- ба компютер ворид кардани иттилоъ, барномаҳои омӯзишӣ ва ғайраҳо.
Бачагони дар “фазои интернет” ба воя расида, худро дар иҳотаи иттилои зиёд хуб ҳис мекунанд, аммо ба ёрию дастгирии омӯзгор ниёз доранд. Омӯзгорон ба хонандагон иттилоъро дуруст истифода кардан ва худро ба воситаи рассонаҳо баён карданро меомӯзанд.
Интернет-технологияҳои замонавӣ малакаи истифодаи рассонаҳо ва саводнокии иттилоотиро талаб мекунад. ЮНЕСКО ба истифода термини саводнокии иттилоотӣ ва рассонави (СИР)-ро ворид кардааст. Термин воситаҳои муошират рассонаҳо (медиа), ахбори умум (матбуот, радио ва телевизион, кино, реклама, интернет ва ғ.) ва дигар сарчашмаҳои иттилоъ (аз ҷумла китобхона, хазина, осорхона) новобаста аз технологияҳои истифода мекардаашон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё