САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, дар Тоҷикистон ҳамаи воситаҳои электроне, ки маводи иттилоотӣ ва таҳлилӣ нашр мекунад, ҳамчун ВАО аз қайди
давлатӣ мегузарад. Инҳоро дар Тоҷикистон маъмулан оҷонсии иттилоотӣ меноманд. Ба монандӣ: “Азия плюс”, “АМИТ Ховар”, “Радиои озодӣ” “Суғд. Тч” ва ғайраҳо. Аммо баъзе субъектҳои юридикӣ, ки соҳиби вебсайтҳои иттилоотӣ ахборӣ ё нашриётҳои интернетӣ ҳастанд, ба сифати ВАО дигар маҳсулотҳоро, ба монанди маҷалла, рӯзнома, хабарнома, варақаҳоро ба қайд мегиранд
То ҳол дар ҷаҳон баҳс оиди Интернетро ҳамчун воситаи ахбори омма ҳисоб кардан мумктн астр афта истодааст. Аммо, қайд кардан ҷоиз аст, ки рӯз то рӯз Интрнет сарчашмаи аввалини иттилоот барои бисёрии мардум гашта истодааст.
Дар омади сухан, қонунҳои махсус, ки фаъолияти ВАО ро ба танзим медарорад вуҷуд дорад, аммо дар ҳамаи мамлакатҳо хориҷ амал намкунанд. Қонунгузории миллӣ, масъалан ИМА, Канада, Британияи Кабир, Ҳолланд, Испания, Австралия қонуни махсус марбут ба воситаи ахбори оммаро эътироф намекунанд, дар онҳо ВАО дар асоси нормаҳои граҷданӣ ва дигар қонунҳо, моддаҳое, ки ба фаъолияти рӯзноманигорӣ иртибот доранд дар якчанд кодексо қайд шудаанд (дар Франсия).
Дар Қирғизистон дар ҳолати ҷавобгарии судӣ веб-сайтҳо, интернет-нашриётҳо нормаҳои дигар соҳат ҳуқуқ истифода бурда мешаванд. (граҷданӣ, ҷиноятӣ ва ғайра).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё