Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

додари раисро сахт тафтиш кард, куртаҳояшро боло карда, шикамаш ва сари дилашро даст-даст карда дид ва дар ин кор шиками ӯро сахт пӯчида ҳам гирифт. Ҳамин кор бас буд, ки додари раис ба куфру ҳақорат сар кард.

— Э лаънатии Худо, мегуфт вай. — Ба шиками ман чӣ кор дорӣ? Ман моли падаратро ба кукам печонда баромадам чӣ? Диданат бас набуд, ки пӯчида гирифтанат чӣ? Э, фалонатба фалонам!

Додари раис гӯё ҷиддӣ ҳақорат дода куфр мегуфт, аммо амаку падарам ва ака Шарифхонҳо механдиданд.

Дар Ғиждувон тӯйҳои калони бойҳо мешуд, як ҳафта-даҳ рӯз давом мекард. Аз туману элотҳои бисёре одам меомад, тӯйхона ва гирду атрофи он як сайлгоҳ барин мешуд. Бозиҳо, мусобиқаҳои гуногун давом мекард. Гӯштингирӣ, бузкашӣ, тагалу хурӯсҷангмонӣ ва ғайра бозиҳо мешуд. Соҳиби тӯй ба ҳамаи ин мусобиқаҳо ҷома, мӯза, гӯсфанд, асп ва ғайра чизҳоро ба мукофот мегузошт. Мо бачаҳо тухмбозӣ мекардем, чормағзбозӣ мекардем ва ба ҳамаи мусобиқаҳо тамошобин будем. Дар Ғиждувон мардум ба ду гурӯҳ тақсим шуда буданд: Учрук ва Қиргиз. Аз куҷо омадани ин номҳо ва ин тақсимотро шарҳ дода наметавонам. Фақат ҳаминро мегӯям, ки ин тақсимот аз туркӣ (ӯзбекӣ) омада баромадагист. Зеро ки шиорҳои ин гурӯҳҳо ба забони ӯзбекӣ буд: Учрукнинг учтаси, қиргизнинг мингтаси! Қиргиз қирон қилса, учрук учуб кетади!

Дар Ғиждувон бозор калон мешуд. Тобистонҳо бозор рафта роҳатиҷони дастакӣ харида хӯрдандро дӯст медоштам. Роҳатиҷон ҳамин ки аз яхдонҳо рафта тахта-тахта ях меоварданду ба рӯи чорпоя гузошта бо дастарраи дудаста метарошиданд ва барфи ҳосилшударо бо шолчаҳо печида монда ба харидорон бо қошуқ, дастакӣ бошад ба даст соз

пешина
аз 339
навбатӣ