Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
буд. Дар ду тарафи майдони назди қозихона чойхонаҳои обод, баққолӣ ва дигар дӯконҳо буданд. Қозихона дарвозаи калоне дошт, ки ба ҳавлии васеъе кушода мешуд. Дар тарафи рости поёни суфа айвони дарозе барои аспбандӣ сохта шуда буд. Дар тарафи чап, бевосита аз дами дарвоза мирзохона ва пас аз он саисхона ҷо гирифта буд. Аз шимоли қозихона як даре ба сӯи боғи намозгоҳ кушода мешуд, ки мо аз он гузашта ба мактаби дар назди намозгоҳ буда мерафтем. Дар поёни суфаи қозихона ду дарахти тутӣ куҳансол рӯида буд, ки байни онҳоро васл карда суфае сохта буданд ва дар он суфа хизматгорҳо, саисҳо бегоҳҳои тобистон нишаста истироҳат мекарданд. Дар поёни суфа боз як хонаи баланд буд, ки он барои баъзе меҳмонҳои ноомадагӣ хос буд. Меҳмонхонаи калон ва ҷои арзпурсии падарам дар рӯи суфа буд. Як даҳлези калони дудара, ки яке аз ин дарҳо ба сӯи боғ ва суфаи он ҷо кушода мешуд. Меҳмонхона се дар ба сӯи ҳавлӣ ва се дар ба сӯи боғ дошт, ки бо тирезаҳои қадимисохт гирифта шуда буд. Дар назди тирезаи пешғаҳ маснади арзпурсии падарам буд, ки ҳамон мизи дар Қарокӯл буда дар қарибии ҷои корашон гузошта шуда буд. Ин хона дубаҳра буда, тобистонҳо ҷои арзпурсӣ дар тарафи боғ, зимистонҳо дар тарафи рӯи ҳавлӣ буд, ки айвони васеъ то ба болои тирезаи боло мерасид.
Кори қози аз чӣ иборат? Аз ҳамин иборат: дар беруни тиреза, ба таҳти айвон як бурӯи калон партофта шуда буд, ки онро бурӯи шариат меномиданд. Арзкунанда (ҷабрдидае) бо мушоиҳати ягон мулозим омада ба рӯи бурӯ менишаст. Қатъи назар аз мартаба ва рутбаи он бояд ба болои ҳамин бурӯ нишаста ба қози арз кунад, ки маро фалонӣ зад, фалонӣ ҳаққамро хӯрд, ба фалонӣ даъво дорам, ки хизмати маро накарда, пуламро хӯрда гурехта рафт ва ҳоказо... Ё ки ба фалонӣ даъвои хун дорам, додари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё