Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
дошт (ин сӯрохиҳо бо панҷараҳои оҳанин мазбут буданд).
Дар Бухоро шодии ман ҳадду канор надошт. Фақат як чиз диламро мефӯшурд, ки падарам бо мо набуд. Ҳар пагоҳ аз хоб бедор шуда мепурсидам, ки дадамам омаданд, ё не. Ҷавоби манфӣ шунида хафа мешудам. Вале ҳавлию хонаҳои қаршастӣ, хешу таборҳои бисёр, кӯчаю бозорҳои серғавғои шаҳри Бухороро дида димогам чоқ мешуд, ҳама чизро, ғаму ғуссаро фаромӯш карда, бо ҷӯраҳои шаҳрӣ, ҳамгузариҳо ба бозӣ машғул мешудам. Дар кӯчаҳо сумалак, обинабот ва каллапочафурӯшон пайдо мешуданд, бо садо ва нағмаҳои диққатҷалбкунанда, моли худро таъриф мекарданд. Мо, бачаҳо ҳавасе доштем, ки як танга пул гирифта, ба даст коса ба кӯча тозем, сумалак, ё обинабот харем, ҳарчанд, ки дар хона ин чизҳо бисёр буданд.
Падарам пас аз даҳ-дувоздаҳ рӯз омаданд. Намедонам ки ин қадар муддат дар куҷо буданд, чӣ кор карданд. Ҳамин қадараш ба ман кифоя буд, ки он кас сиҳату саломат, хурсанду шод баргаштанд. Баъдтар донистам, ки барои дар ҷанги Колесов Чорҷӯйро аз даст додан, амир ба мир Муҳаммад Юнус ғазаб карда, ӯро зиндонӣ кардааст, падарамро маъзул (бекор) карда, ба рикоб даъват кардааст. Ба рикоби амир будан, худаш як ҷазо ҳисоб меёфт. Зеро ки амир дар куҷо бошад, қозии, раис ва мирҳои маъзули рикоби дар гирду атрофи қароргоҳи амир, дур аз аҳлу аёл, бекор ва ҳамадам мунтазири фармоиши амир шуда зиндагӣ мекарданд. Гоҳ сер буданд, гоҳ гушна. Хайрият ки дар вақти рикобӣ будани падарам, амир дар Бухоро, дар қасри Ситораю Моҳи Хосса буда, рикобиҳо ҳам дар як чорбоғи қафои боғи қаср иқомат доштанд. Азбаски Бухоро наздик буд, гоҳ-гоҳ фарзандонашонро чеғ зада медиданд.
Падарам ки додари қозии калон буд ва қозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё