Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

зоғҳоро дида хурсанд шудем. Ин якумин аломати зиндагӣ дар он дашти бепоён буд. Фақат дар рӯзи чорум роҳи Бухороро ёфта, дар нимрӯзӣ аз дарвозаи «Қарокул»-и Бухоро ба ин шаҳри пурғулғула ва серодам ва ободу маъмур ворид гаштем.

Шаҳр бо қалъаи баланд ва мустаҳками таърихӣ иҳота шуда буд. Ин қалъаи мустаҳками таърихиро пас аз инқилоб, пас аз солҳои 1925 оҳиста-оҳиста вайрон карда, хокашро чун «порӯ» истифода бурданд ва ҳоло фақат як чанд сад метр ду тарафи дарвозаи «Қарокӯл» боқӣ мондааст, ки он ҳам фатарот шуда, рехта ва нобуд шуда истодааст. (Ин боқимондаи қалъаро барои бардоштани филмҳои таърихӣ истифода мебаранд). Ин қалъа дар вақташ дувоздаҳ дарвоза доштааст, ки баъд яке аз ин дарвозаҳо масдуд ва баста шуда мондааст. Ёздаҳ дарвозаи боқимонда (дарвозаи Қавола-Қаршӣ, дарвозаи Самарқанд, дарвозаи Мазор, дарвозаи Талипоҷ, дарвозаи Қарокӯл, дарвозаи Шайх Ҷалол, дарвозаи Намозгоҳ, дарвозаи Ӯғлон, дарвозаи Салоҳхона) ҳама бурҷу бораҳо гулдастаҳо, қаровулхонаҳо дошта, аз чӯбҳои ғафс ва мисли оҳан мустаҳкаму вазнин сохта шуда буданд, ки ҳоло аз ин дарвозаҳои чӯбину таърихӣ ягонтааш ҳам боқӣ намондааст. Куҷо шуданд ин дарвозаҳо? Наход ки ҳамин тавр ашёи таърихӣ ва мустаҳкамро сӯхта, ҳезум карда бошанд?

Бале, ба Бухорои таърихӣ, ба Бухорои машҳур ва ободи Машриқзамин ворид гаштем. Пас аз се-чор рӯза сафари дашти Қароқум, пас аз азоби қаҷобанишинӣ, шаҳри Бухоро ба назари ман мисли ҷаннат менамуд. Кӯчаҳои сангфарши он, растаю бозорҳо, баққолҳо, нонвойҳо, қассобиҳо ва оҳангариҳо ва кӯчаҳои пур аз одам, пур аз сувораю пиёда, пур аз овозҳои ҳархела ва ғайра ҳама зиндагӣ буданд, ҳама аз ҳаёт дарак медоданд... Бале, одам маҳсули ҷамъият

пешина
аз 339
навбатӣ