Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
шабҳои бехобӣ ғаму ғуссаи гузаштаро ба ёд орад. Ин албатта аз як ҷиҳат хуб аст, ки одам азоби дидагии худро дар хаёлаш такрор карда азоб намекашад. Лекин баъзе як воқеаҳо ва ҳодисаҳое дар зиндагӣ воқеъ мегарданд, баъзе як бадбахтӣ ва фалокатҳо рух медиҳанд, ки одам як умр аз хотир фаромӯш намекунад; агар ба хотир биёянд, беихтиёр ҳамин мисраъҳои Бедили бузургро такрор мекунем:
Эй фаромӯшӣ куҷой, то ба фарёдам расӣ,
Боз аҳволи дили ғампарварам омад ба ёд!
Дар ёдам ҳаст, ки дар аввалҳои моҳи августи соли 1937 барои табобат (ман ба бемории сил гирифтор будам) ва дам гирифтан ба табобатгоҳи Шаҳристон, ки бо қимиз муолиҷа мекарданд, сафар кардам. Дар он вақт ман ҷавони бистуҳафтсола будам. Дилам аз умеду орзуҳо мамлу буд. Ба дунё некбинона ва хурсандона нигоҳ мекардам. Дар дил ба ҳеҷ касе, на ба хешу таборон ва на ба ёрӯ дӯстон ва на ба нависандагон, ки ҳамқалам ва ҳамкори ман буданд, кинае, гумони баде, душмание надоштам. Содда будам, ҳамаро, ҳар касеро ки ба ман муомилаи хуш мекард, дӯсти наздик ҳисоб мекардам. Намедонистам, ки одамҳо гуногун мешаванд. Баъзе одамҳо ба дидан мисли малоика намоянд ҳам, дар асл аз шайтон ҳам бадтар мешаванд. Дар ёдам ҳаст, ки шодравон Сирус борҳо мегуфт: «Ҷони одам тухми мурғ нест, ки дар офтоб дид!» Бале, одамонро, «дӯстон»-ро аз ҳамдигар фарқ кардан, рангу рӯи ҳақиқии онҳоро дида, донистан мушкил аст; хусусан барои ман, ки дар он дам на таҷрибаи зиндагӣ доштам на шайтанат ва ҳушёрӣ...
Ҳамроҳи шодравон Суҳайлии Ҷавҳаризода бо поезд ба стансияи Ҳавос расидем. Бо роҳбарии Суҳайлӣ ба фойтуне бор шуда ба сӯи Уротеппа равон гаштем. Суҳайлӣ, алҳақ одами софдил, беғараз, камтар беҷуръат бошад ҳам худро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё