Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
оҳани Чорҷӯй-Мориро канда мепартоянд. Лекин аскарони инқилоб, коргарон ва меҳнаткашони ба шӯромада ҳуҷуми аксулинқилобро зада бармегардонанд, роҳи оҳанро зуд ба ҷояш монда, аз Мории Ашқобод ёрӣ мепурсанд. Гӯё, ёрӣ ҳам мерасад ва чандин рӯз шаҳрчаи Девонабоғ ва Чорҷӯй дар дасти шӯришгарон мешавад. Лекин баъдтар амир аскар фиристода, бо ёрии офитсерони сафед Чорҷӯйро ба даст медарорад ва шӯришро зер мекунад.
Мо аз ин моҷароҳо бехабар, дар ҳавлии калон ва ҳангомадори Чӯлибой бозӣ карда мегаштем. Мо мегӯям, яъне бародарам ва ҷӯраамон Фазлиддин Муҳаммадизодаро дар назар дорам. Бале, ҳавлии Чӯлибой дар домани дашт бошад ҳам хеле калон, хеле хуб ва ҳангомадор буд. Чандин ҳавли-ҳавлии берун бо меҳмонхонаи калону тирезаҳои рангдораш бо рӯи ҳавлии васеъ ва дарахтзораш, бо саисхонаҳо ва аспхонаҳояш; ҳавлии дарун бо хонаҳои бисёр, бо ошхона ва кайвонихонаҳояш; бо анборҳо, говхонаҳо ва қӯтанҳои гӯсфандонаш замини бисёреро ишғол карда буд. Қишлоқи начандон калон, бо кулбаҳои ҳақиронааш қадаре дуртар ҷо гирифта буд, ки тақрибан ҳамаи мардумони он хизматторҳои Чӯлибой буданд. Дар ҳавлии Чӯлибой занҳо дар андарун, мардҳо дар ҳавлии берун ҷо гирифтанд ва аз ҷиҳати хӯроку таъминот дараҷаи олӣ буд. Рӯзе чандин бор таомҳои болаззат пухта мебароварданд ва моро парвариш менамуданд.
Дашти васеъ, юлгунзор, регзор шавқи моро боло карда буд. Мо ки дар шаҳр осмони васеъро намедидем, дар ин саҳрои васеъ кайфе доштем. Аз чӯби юлгун тиру камон месохтем, бо бачаҳои қишлоқ «ҷангбозӣ» мекардем. Хабарамон набуд, ки даҳҳо километр онтарафтар тӯппарронӣ давом дорад ва бомбаҳо мекафид, мардум барои озодӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё