Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
тапончаҳою гранатаҳоро ба даст гирифта, бозӣ медоданд ва сӯҳбат дар бораи ҷанги босмачиён буд. Дар он вазъият, он гуфтугӯҳоро шунида ману акаам дар ҳақиқат тарсидем. Маълум шуд, ки дар гирду атрофи Кармина босмачӣ бисёр будааст. Агар аскарони сурх набошанд, ревком ва идораҳои ҳукумати Бухороро дар як шаб тороҷ мекардаанд.
Дар ҳамин сафар ман аввалин бор номи Ленинро шунидам ва сураташро дидам. Ин дар пагоҳии ҳамон рӯзи ба қалъа рафтани мо буд. Амакам ба куҷое рафта буд, мо ӯро дар кабинеташ мунтазир будем. Ба гумонам ҳамроҳ ба ҷое, ба тамошоӣ рафтанӣ будем. Падарам дар кабинет қадамзада мегашт ва як бор ба рӯбарӯи сурате истода монд ва ба фикр фурӯ рафт. Ман ба наздаш рафта, низ ба сурат диққат кардам. Вай сурати Ленин буд, ки дар кабинеташ, дар ҳолате, ки ба рӯи стул нишаста газетаи «Правда»-ро дар даст медошт гирифта шуда буд. Аз падарам пурсидам, ки ин расми кист. Падарам аз сурат чашм наканда истода гуфт, ки:
— Ин расми Ленин аст. Ленин роҳбар ва сардори давлати Шӯроист. Ба инқилоби Руссия роҳбарӣ кард, ҳукумати кӯҳнаро барҳам дод, амири Бухороро ҳам бо фармони Ленин зери забар карданд. Ту бояд ӯро нағз донӣ ва нағз шиносӣ!
Ҳамин суханҳои падарам ҳеҷ аз ёдам намераванд ва ман пас аз он кӯшидам, ки дар бораи Ленин бештар донам ва бештар фаҳмам.
Сафари Карминаи мо ба охир расид. Пас аз як ҳафта меҳмонӣ, мо ба Бухоро баргаштем. Амакам Аминҷон бошад, боз дар дигар идораҳо кор кард ва пас аз ташкили республикаи Ӯзбекистон ба Самарқанд рафта дар Совети вазирони Ӯзбекистон кор кард. Баъд ба Тошканд кӯчиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё