Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
аз Бухоро амакбачай ман Усмонхон махсум ва амакзодаи падарам Аминҷон махсум ба Чорҷӯй омаданд. Баъдтар фаҳмидам, ки онҳоро амакам қози Бурҳониддин гурезонда, бадарға карда ба Чорҷӯй фиристодааст; гӯё бо ҷадидҳо ҳамфикр будани онҳо ба баъзе аз аҳли аморат ошкор шудааст ва амакам пораи бисёре дода, ҷони онҳоро харида гирифтааст.
Як рӯз, зимистон буд, қариби торик шудани рӯз ман ба ҳавлии берун баромадам, ки дар рӯи ҳавлӣ касе нест, ҳатто дарвозаи қозихона баста шуда буд, Ака Турсун ҳам наменамуд. Ҳайрон шуда истода будам, ки падарам аз меҳмонхона баромад; қабокҳояш овезон, табъаш хира буд. Ба канори суфа рафту:
— Усмон! — гӯён фарёд кард.
Ин тавр бо овози баланд фарёд кардани падарамро аввалин бор шунидам. Вай дубора ҷегзада буд, ки аз меҳмонхонаи хурд Усмонхон давида баромада омаду худашро ба зери пои падарам партофт. Падарам аз канори суфа химҷаҳои тайёр карда монда шудаи юлғунро гирифта ба пушту сару пои Усмонхон задан гирифт. Боз фарёд карда Атқиёҳоҷаро чеғ зад. Атқиёҳоҷа (бародари ояи калонӣ) аз куҷо пайдо шуда омаду дар назди пои падарам дузону нишаст ва ба зорию тавалло даромад. Падарам ба ду даст ду химча гирифта ҳар дуро задан гирифт. Вақто ки химҷаҳо мешикастанд, дигарашро мегирифт ва мезад. Раҳми ман ба ҳоли шаттахӯрандагон омада гиристам. Ака Турсун омада маро ба кӯча гирифта баромад. Пурсидам, ки падарам чаро ин қадар бераҳмӣ мекунад, чаро хешовандони худашро мезанад. Ака Турсун гуфт, ки онҳо гуноҳи зӯр кардаанд. Лекин воқеаро нагуфт, агар гӯяд ҳам, ман шояд дуруст сарфаҳм намерафтам. Баъдтар донистам, ки Усмонхон ба як дӯсти ҷадидтақлидаш ба воситаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё