Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
бо писари хурдии худ ҳамон ҷо ба зиёрати мо омаданд. Мо бисёр хурсанд шудем. Азбаски маскани мо алоҳида, дар канори дарёча чодир зада менишастем, ба омада истиқомат кардани Ғуломҷон монеае набуд. Ду-се рӯз меҳмони мо шуда, аз оби гарм истифода бурданд. Дар ҳамин вохӯриҳо медидам ва мефаҳмидам, ки ин кас шахси хеле доно ва бисёр чизро медонанд. Ғуломҷон ба авлоди мо аз ҷиҳати модарашон қаробате доранд ва бинобар он тамоми авлоди моро медонанд. Дар назди амакам Бурҳониддини қозикалон дарс хонда, шогирд шудаанд. Ғуломҷон, ки одами донишманд, аз таърих ва адабиёт бохабаранд, сӯҳбати хубе доранд. Ман аз сӯҳбати ин кас серӣ надоштам. Ҳам шеърдон, ҳам шӯх ва ҳам одами бохирад ҳастанд. Фақат як айб доранд, ки хасис ва тангназаранд. Ин хусусияти ин касро ба ман пештар Аъламхони духтур ҳикоят мекарданд (аҷобати кор дар ин ки агар Ғуломҷонро танҳо бинам, аз хасисӣ ва тангназарии Аъламхон шикоят мекарданд).
Солҳои 1945-50, вақте ки ман ба Бухоро мерафтам, хусусан дар он замонҳое, ки ба ҷустуҷӯи материал барои романи «Духтари оташ» машғул будам, албатта бо Ғуломҷон Изомӣ вомехӯрдам. Он кас чанд гоҳ дар мадрасаи динияи Бухоро (мадрасаи Мири араб) муаллими забон ва адабиёт буданд. Баъд ба кори китобхонаи Абӯалӣ ибни Сино гузаштанд. Дар ин китобхона аксаран бо он кас вомехӯрдам ва сӯҳбат мекардам. Он вақтҳо мудири китобхона Шоев ном марди зарифе буд. Шоевҳо дар Бухоро як гузари махсусро ишғол мекарданд. Гӯё онҳо аз помириҳо буда, дар кадом замоне, аз тарафи кадом амире ба ин ҷо, ба Бухоро кӯчонида шудаанд. Лекин аз «помиригии» онҳо фақат лақаби «шоҳ» мондаасту бас. Шоеви мо, директори китобхона, яке аз бухориёни асл, яке аз бухориёни типикӣ — ҳам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё