Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ака Турсун (одами падарам, ки муаккали мо буд) мебоист моро ба стансия барорад. Ҳамон рӯз акаи Турсун моро ба фойтун сувор карда роҳи стансияро пеш гирифт ва бо акем якзабон шуда, маро ташвиқ мекарданд, ки агар падарам хоҳад, ки моро ҳамроҳи худаш ба Чорҷӯй барад, ман розӣ нашавам, ҳамроҳи ояҳо меравем гӯям.
Нафаҳмидам, ки мақсадашон чист, чаро намехоҳанд, ки ҳамроҳи падарам ба Чорҷӯй раванд. Дар ин бора баъдтар тааммул карда донистам, ки ҳамроҳи кӯчу кӯман, ҳамроҳи ояҳо (занҳо) рафтан ба онҳо хушаст ва худро озод ҳис мекунанд. Ҳар чӣ хӯранд, ҳар куҷо раванд ихтиёрашон! Аммо ман тамоми роҳ, то худи стансия дар дил худо мегуфтам, ки падарам маро ҳамроҳаш гирад.
Дар саҳни стансия расида будем, ки поезди «Почтовой»
ҳам расида омад. Падарам дар тан ҷомаҳои фохира, дар сар саллаи сафед, дар печи салла «Ёрлиқ» халонида шудагӣ, аз зинаҳои вагони класси якум (вагони мулоим) фуромада омад. Дар саҳни стансия, сардори стансия, акаи Турсун, дигарон ва мо ба пешвози ӯ рафта муборакбод кардем. Падарам маро бӯсид ва ба вагон гирифта даровард. Аз пас сардори стансия ва дигарон даромаданд, хурсандӣ ва муборакбодиҳо карданд. Баъд падарам пурсид, ки барои мо билет гирифтаанд, ё не. Акаи Турсун гуфт не! Падарам фармуд, ки зуд рафта то ба Чорҷӯй билет гиранд. Акаи Турсун билет гирифта омад, ман хурсандона падарамро бӯсидам.
Чорҷӯй дар соҳили чапи дарёи Омӯ, аз «Девонабоғ», ки
шаҳри нав, стансияи роҳи оҳан ва бандаргоҳи дарёи
Омӯро ҳамин тавр ном ниҳода буданд, қариб даҳ-дувоздаҳ
ҷакрим ба тарафи ғарби ҷанубӣ воқеъ гашта буд. Ин
шаҳри қадима бо арку регистону бозорҳои калонаш аз дигар шаҳрҳои калони аморати Бухоро фарқе надошт. Албатта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё