Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

дар куҷо дарс медод ва дар куҷо кор мекард. Соли шум ва хонумонсӯзи 1937 расид ва дар қатори дигар одамони бузурги ҳамон солҳо Фитратро ҳам гирифта ҳабс карданд ва дигар аз вай ному нишон нашунидем. Фақат баъди чандин солҳо Ғуломҷон Изомӣ, ки яке аз шогирдон ва котибони Фитрат буд ва ҳоло яке аз одамони куҳансол ва донишманди Бухоро ба шумор меравад (синну солаш ҳоло дар соли 1988 ба 93 расидагӣ, бемор ва хонанишин аст), дар бораи рӯзҳои охирини Фитрат чунин гуфта буд:

– Соли пурдаҳшати 1937 ман дар Тошканд, дар курси муаллимтайёркунӣ мехондам ва гоҳ-гоҳе ба ҳавлии Фитрат рафта, хабар гирифта меистодам. Ҳамон рӯзҳо Фитратро аз ҳама ҷо ронда, хонанишин карда буданд ва дар газетаҳо дар қатори дигарон «васфи» ӯро ҳам карда меистоданд. Боре, нимирӯзӣ ба ҳавлии Фитрат – дар мавзеи «Боғи ягоч» рафтам. Аввал аз тарқиши дарвоза нигоҳ карда дидам, ки Фитрат ба тан як ҷомаи нимдошт, миёнаш бо ғӯта баста шудагӣ, ба сар кулоҳи сиёҳи пахтадоре мондагӣ, гоҳ ба болои кати тахтагии рӯи ҳавлӣ мебарояд, гоҳ аз зинаҳои он поён мефурояд ва боз гашта боло мебарояд ва боз мефурояд. Ба ҳоли устодам раҳмам омад. Як сулфидаму дарвозаро кушода даромадам. Фитрат маро дида ба поёни суфа фуромаду бо табассуми андаке сохта ба сӯям нигарист ва гуфт: «Ҳа махсум, натарсида ба ҳавлии ман омадед? Биёед, биёед. Лекин ҳушёр бошед!»

Пас ба хона даромадем ва дар зимни сӯҳбат гуфт, ки замона нобоб аст, ману шумо баринҳоро гирифта истодаанд. Ба шумо маслиҳат ҳамин ки то тавонед зудтар аз ин ҷо ба ягон кунҷу бахила рафта ниҳон шавед ва ҷонатонро халос кунед! Шумо ман барин пешонақашқа не, ки дар ҳар ҷо шиносанд! Ман бо маслиҳати Фитрат худи ҳамон рӯз азм кардам, ки ҳақиқатан аз ин ҷо рафтан лозим. Иттифоқан,

пешина
аз 339
навбатӣ