Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

даст дароз мекунад ва аз он ҷо шишаеро гирифта майро ба пиёла мерезад ва дам мекашад. Маълум мешавад, ки Махсум аз Бибишхон пинҳонӣ шишаи арақро ба паси сандуқ руст карда, вақти ба ошхона, ба ошкашӣ рафтани занаш як пиёла рехта менӯшидааст ва хомӯш «мушаки бегуноҳ» шуда менишастааст. Ин дафъа, вақто ки Бибишхон аз ошхона табақи ош ва лампаро оварда ба рӯи дастурхон мегузорад, ба рӯи шавҳараш нигоҳ карда мепурсад:
— Махсум, ба лабу даҳони шумо чӣ шуд, чаро ранги чернил?
— Ҳа! — мегӯяд Махсум ва худро ба рӯи кӯрпа мепартояд.
— Духтур, ёрии таъҷилиро ҷеғ занед!
Маълум мешавад, ки Махсум аз паси сандуқ ба ҷои шишаи арақ, шишаи сиёҳӣ – чернилро гирифта, ба пиёла рехта дам кашидааст. Ош сабилу зор мемонаду Бибишхон аз пайи духтур медавад. Духтур омада Мазҳар Махсумро ба касалхона мебарад ва то пагоҳ дарунашро шуста, тоза карда, аз марг наҷот медиҳанд. Махсуми бечора пас аз ду-се рӯз ба ҳол омада ба хона бармегардад.
Ҳамин тавр як одами донишманд, хизматнишондодаи ҳақиқӣ, дӯст ва меҳрубони халқро, дар синни пириаш, нотавониаш «душмани халқ» карда дар Тошканд ба ҳабс гирифтанд. Мегӯянд ки пас аз чанд гоҳ азоб додан ва қийн кардан, мӯсафедро бадарға мекунанд, ба лагер мефири- станд. Зимистон, аз осмон барф меборад. Бибишхон ва ди- гарон — зану хешутабори бадарға мешудагон ҷамъ шуда, мунтазири баровардани шавҳарон, падарон ва хешован- дон будаанд. Бибишхон дар байни издиҳом истода меби- над, ки шавҳари нотавонаш дар иҳотаи аскарон пайдо мешавад. Дар дасташ як лӯла чизи печонида шуда, худаш бо як қабат курта, шалвор ва як нимтанаи даридагӣ. Вақто ки Бибишхонро мебинад, лӯлаи дасташро ба вай партофта

пешина
аз 339
навбатӣ