Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
дар Душанбе як коркуни (хизматчии) советӣ зани зебояшро аз даст медиҳад, зоида натавониста мемирад. Мардак ончунон занашро дӯст медошт, ки дигар дар Душанбе истода наметавонад, ба ҳамон шаҳре, ки зани Барака (тахмин Қӯрғонтеппа) истиқомат дошт, рафта ба кор медарояд. Иттифоқан ба вай ҳам аз ҳамон биное, ки зани Барака истиқомат мекард, хона медиҳанд. Мардак зани Баракаро дида ҳайрон ва моту мабҳут мегардад. Зеро ин зан ба зани вафоткардаи ӯ тамоман монанд, як себу ду қисм мебошад. Мардак пурсуков карда мефаҳмад, ки занак шавҳар надорад, шавҳараш аз фронт барнагаштааст. Бинобар он ҷуръат карда, ба хонаи зан меравад ва арзу муддао карда мегӯяд, ки агар вай ба зании ӯ розӣ шавад, мардак аз ғусса наҷот меёбад. Лекин зани Барака мегӯяд, ки вай шавҳар дорад, имрӯз не, пагоҳ шавҳараш аз фронт бармегардад ва дигар ин хел таклифҳоро накунад.
Боре, вақто ки ин мардак аз Душанбе дар автобус ба ҷои кораш бармегашт, иттифоқан бо Барака, ки аз фронт баргашта буд, дар як ҷо мешинад. Дар роҳ гап аз гап мебарояду мардак саргузашташро ба Барака нақл мекунад ва Барака медонад, ки занаш чӣ қадар бовафо, ҳалол ва покиза шудааст...
Ин эпизодро ман бисёр хуб, бо обу тобаш дода будам. Вақто ки онро хондам, нохост дида мондам, ки дар чашмони устодам ашк пайдо шудааст. Бале, ашки шодӣ, ашки ҳаяҷон, ашки миннатдорӣ... Ҳамин ашки устодам, ба ман аз ҳазор мукофоти олӣ авлотар буд. Ман ҳам хонда натавонистам, овоз дар гулӯям печида монд... Ин буд охирин таълим, охирин омӯзиши устод Айнӣ!
Боз пессаи «Духтари ноком»-ро гӯш карданд ва фикрашонро гуфтанд ва ниҳоят «Дохунда»-ро песса кардам, вале устод онро дида натавониста, қазо карданд. Ин дар соли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё