Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба мо аз гузашта, аз саёҳатҳои кардагиаш, аз Ялта, аз Петербург, аз Қазон нақлҳо мекард. Ба мо маълум шуд, ки дар сафари Ялта ва Петербург ба онҳо (яъне ба падарам ва амакзодааш Аминҷон махдум) Мулло Мирзо ном маҳрами хоси худро бобом ҳамроҳ кардаанд, ки ба намозхонӣ, рӯзадорӣ ва ибодати фарзандонашон дар сафар мувотибат кунад, хабардор бошад; мабодо онҳо коре, амалеро шоиқ шаванд, ки боиси қаҳру ғазаби худо бошад. Аммо мулло Мирзои бечора коре карда наметавонад. Махдумҷонҳо аз худи Когон, аз он даме, ки ба вагони дараҷаи якум (мулоим) медароянд, салляю ҷомаҳоро ғундошта монда, ба сар телпакҳои баррагии қавқозидӯхт, ба тан костюмҳои аврупоӣ карда, пива нӯшида, ҳаёти тамоман дигархеларо оғоз кардаанд. Дар Петербург дар моҳи рамазон мерасанд. Он вақт дар он ҷо тақрибан шаб набудааст, қариб бист соат офтоб дар осмон будааст. Мулло Мирзои бечора ҳар рӯз бист соат рӯза медоштааст. Падарам ва Аминҷон махдум ҳарчанд, ки рӯзаи ӯро хӯронанд, қабул накардааст. Бинобар он маҷбур шудаанд, ки зудтар ба Қазон раванд...

Ин ҳикоятҳоро шунида мо завқ карда механдидем. Модоме ки аз рӯза гап шуд, ба хотирам расид, ки падарам моро (инчунин оилаи хурдии моро) рӯза доштан намемонданд. Ман як бор дар Ғиждувон ҳавас карда рӯза доштам, падарам қариб маро гирифта зада буд. Худи ҳамин факт нишон медиҳад, ки он кас ба дину шариат он қадар бовар надоштанд ва ё ҳамаи аҳкоми шариатро чун муллоҳои ҷоҳили хурофотпараст сахт риоя намекарданд.

Бале, падарам ба мо нақлҳои ширин мекарданд, моро навозиш мекарданд ва ҳамаи ин ба поякалонӣ намефорид.

пешина
аз 339
навбатӣ