Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

– Осақолҳои шумо шарм накунанд гуфта, мо худамона хонасалот кунем? Биоранд чизҳои ваъда кардаашона!

– Мо аз онҳо як мирӣ ҳам намегирем, – огоҳ кард падар ва бо оҳанги дилбардорона афзуд. – Дилата кушод дор, пулат нарасад, ман пул медиҳам. Ӯ дурӯғ мегуфт. Як ҳафта пеш аз шуруъ кардани тӯй фармуд, ки домуллоҳои гузаро даъват карда хатм гузаронад, об у зиёфат диҳад. Даставвал рӯҳи гузаштагонро ба дуо ёд кунад.

Дар баргузории чунин тӯйҳо як нозукӣ ҳаст: рӯзи улог мабодо ҷанҷол шавад. Бо андаке бетартибӣ ҳам човандозҳо ду тараф мешаванд, ҳам мардуми тамошобин. Тӯй ба ҷанги калон табдил меёбад. Ва овозааш мемонад: «Дар тӯйи фалони ҷанг шуду тӯйро вайрон карданд.»

Рӯзи улоги онҳо ҳам қариб ҷанг мешуд. Ҳаммаҳаллаашон Қосими писари Ҳамдам ҳамроҳи як ҷавони даҳбедӣ бузро оварда, ба пилаҷо парто-парто кардандӯ Қосим дасташро раҳо кард. Ҷавони даҳбедии бузро боз як даври дигар гардонда пас партофт: ҳам дар байни човандозҳо, ҳам байни тамошобинон ғулғулаи «Ҳаром!», «Ҳалол!» бархост. Ҷавонони хунгарм аспҳоро тозиёна зада омаданд. Баъзеҳо аллакай лаҷоми аспи якдигарро кашидаю гапгузаронӣ доштанд. Меҳрони Камон вазъиятро дида, зуд аспро савор шуда ба мобайн даромад: аспи Қосимро аз лаҷомаш кашида, «мо мизбон, бигзор меҳмонҳо хурсандӣ кунанд» гуфт. Дигар қас мешуд, Қосим ба чунин беҳурматӣ тан намедод мегуфт ки бозӣ меҳмону мизбон надорад! Дар мавриди Меҳрон дандон ба дандон монда истиҳола кард. Аслан на фақат дар маҳалла, балки дар шаҳр ҳам кам касон аз рӯи Меҳрони Камон мегузаранд.

Баъд аз тӯй Мансур ду рӯз хоб рафта пас ба худ омад. Як сол кор карда қарзҳоро дод. Аммо падар хурсанд буд. «Кори хуб шуд, ба тӯйи дигарҳо ки меравӣ, бояд худат ҳам тӯй диҳӣ» мегуфт. Пас аз он тӯй Мансур дар маҳракаҳо меҳмони иззатманд буд. Вай фаҳмид: падар ин рӯзҳоро аз сар гузарондаю барои писараш ҳам фароҳам овардааст.

Вале ин инқилоб, мисли ҷини аз даруни чароғи афсонавӣ баромада ҳама урфу одати пешинаро диниву феодалӣ куҳна гуфта барҳам зад. Ҳоло ҳама изтиробзада, оянда торики гӯр.

Мансур пас гашта ба чойхонаи канори Регистон омад, дар гӯшае ҷой гирифт ва ҳамчунон дар дил мегуфту андеша мекард: «Як сол пеш ин мадрасаҳо пури толибилму сӯҳбату шеърхонию маҳфилҳо буд. Дар кӯчаҳо, бозору дӯконҳо одамонии зебопӯшу чолоку меҳрубонро медидӣ. Русҳо ҳам чун дар кишвари худ озодона мегаштанд. Дар дӯконҳо баробар хариду фурӯшу доду гирифт мекарданд. Яке деҳқонӣ дошт, дигаре косибӣ мекард, севумӣ бо дуохонӣ рӯз мегузаронда. Ҳеҷ гоҳ касе ба моли касе чашм ало намекард. Бо нони аз меҳнати ҳалол ба даст овардаашон қаноат мекарданд. Ба фикри касе намеомад, ки чаро фалонӣ бой асту вай камбағал. Ҳоло кӯчаҳо пури шинелпӯшу шапкапӯш, дузднусхаҳои зиндонӣ, як-як пакана, як-як пучуку мучуку ғазабкарда... Не, ин русҳо он русҳои аввала барин не. Ва ин шаҳр ҳам он шаҳри пешина не. Болшевикҳо зиндагии нав месозем гуфта, ба хонаю манзилҳои мардум чун фона даромада, ҷойгир шудаанд. Фонаро фона мехезонад, дар мо фона нест.

пешина
аз 613
навбатӣ