Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Ақаллан чилсола мешудед, менавиштем, – гуфт мард бо оҳанге, ки гӯё дилбардорӣ мекунад ва изофа кард: – Ҷанги инҳо бо тупу пулемӯту шайтонгарист. Монед, ҷангашона худашон кунанд. Ману шумо кори ақиба уҳда кунем ҳам, хуб аст.
Марди рус баъди тамошои асп бо абрӯи гиреҳбаста ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд. Ҳар се чанд дақиқа баҳс карданду Мансур зини аспоро гирифта ба тоҷик рӯ овард:
– Гӯед, гирад! Илоҳӣ аспам гарданаша шиканад. Аз чашмони мурдааш маълум, ки одами паст аст. – Ва ҷониби Баҳодур ишорат кард: – Мон гирад.
Тоҷик сурх шудаю ҷониби ҳамроҳаш ба забони русӣ гуфт:
– Дар мо расм аст, ки зинро намефурӯшанд.
– Зин ба ман лозим нест, – гуфт рус. Ӯ марди аспдида будааст, ки ба бесарии Рӯшан эътибор надода, маҳкам аз бехи лаҷомаш дошт ва ду-се маротиба сахт силтав доду нӯҳтакаш карда рафт.
Баҳодур, ки аз таги гап бехабар аспро раҳо карда буд, андаке пас аз асли мақсад пай бурда, пеши роҳи русро гирифтанӣ шуд, аммо Мансур ба шиддат: «Ист!» гуфт. Ва пас аз он ки омадаҳо аз дарвоза берун шуданд, бо садои гиреҳхӯрда афзуд:
– Баҳодур, инҳо туро ба ҷанг бурдаӣ буданд. Аспро гирифта дафъ шуданд.
– Аспро гирифтанд? – Баҳодур ҷониби дарвоза давид, ки Мансур ба шиддат садо кард:
– Баҳодур, номаъқулӣ накун!
Баҳодур ақиб гашт ва талх гиря кард.
– Мемондед ҷанг мерафтам! – гуфт ба алам.
– Асп қаҳт нашудааст, дигарашро мехарам.
– Дигараш даркор не! Ба ҷанг меравам! Дар хона намеистам! Баҳодур занҷири зулфинро канду ба хона даромад. Аз берун овози гиряаш шунида мешуд.
Мансур аз он ки писараш занҷири зулфини аз дохил парчин кардаи дарро сабук канд, дарду озорашро пай бурд ва аз кори кардааш пушаймон шуд. Писарашро хафа кард.
Бибигул, ки то ин дам бо рангурӯйи канда ҳайрону харосон пеши роҳи кӯдакоҳо дошта болои остона меистод, «ин чӣ кори кардаатон?»- гуфт ба алам ва аз паси Баҳодур хона даромад.
Мансур кунҷи ҳавлӣ рафта, рӯйи таксинҷ нишаст. Ӯ баъзан, ҳангоме ки аз бозор биёед ё дар замин кор карда дам гирифтанӣ шавад, ё як-як дар даст газета аз кӯча биёед, ин ҷо нишаста дам мегирифт. Аммо ҳоло зиёд нишаста натавонист, дар вуҷудаш як холигин ғашовар ҳис кард. Хеста рӯйи ҳавлӣ қадам зад ва ботинан бо занаш мубоҳиса кард:«Баҳодурро мебурданд, он вақт меди-дам чӣ кор мекардӣ!»
Зан пурсид:
– Ин ҷонсӯхта пули аспро мегирифт намешуд?
– Гуфтам, пулашро медиҳам, зиёд карда гир, кофир не гуфт. Аспро шинохту не гуфт. –Мансур ба гӯшае чашм дӯхта афзуд:-Ҳангоме ки гап мезанад, ба рӯи кас нигоҳ намекунад.
– Худаш гуфт, ки аспро диҳед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё