Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Гӯй ки падарам албатта мехоҳанд, — гуфт ӯ. — Гӯй ки ҳама мехоҳем.
– Исматро соли гузашта ҳашт сол додаю зиндон карда буданд? — Низом маҳдум ҳайрон шуд.
– Баъзеҳоро раҳо кардаанд, — гуфт Мансур. — Аз рӯйи шунидам, Аҳтамбек ва боз якчанд нафарро ҷавоб додаанд.
Ҳабиба, дастонаш хамиролуд, саросема аз хона баромад, рӯймолаш ба паси сараш ғеҷида яктарафа шудааст.
– Баҷаҷон, чӣ хабари хуш овардӣ! — ба ҳаяҷон омада буд ӯ ва ҷониби шавҳараш итоб кард: — Даъват карда бошад, албатта, меравем! Ҳамин шаб хеста раҳақӣ мешаварем. Ин лутфи Худованд аст. Гуноҳи мо бандаҳои осиро бахшид.
Низом-маҳдум нафаси чуқур кашида ҳарфе нагуфт.
Ҳабиба аз Мансур пурсид:
– Баъде, ки Вахш рафтем, мемонанд, ки Бухоро равем? — Ва ҳамоно оби дидааш шашқатор шуда, афзуд: — Шарифҷон дар ин ҷо, ӯро монда меравем?
– Ҳой занак, мо НКВД ҳастем, ки ин қадар савол медиҳӣ? — Низом-маҳдум баъд аз баҳсу гиряҳои дафъаи гузаштаи занаш, ки як моҳ дилдард шуда аз хона намебаромад, бо эҳтиёт сухан мекунад.
– То иди Наврӯз рафтан лозим будааст, — огоҳ кард Камолҷон. — Супориш чунин будааст.
– Шояд боз то Мазори Шарифу он тарафҳо рафта, пурсуҷӯ карда, дараки он гумшударо меёбед? — Ҳабиба бинӣ пок кардаю бо озору илтиҷо ҷониби шавҳараш нигарист.
– Ҳоло маслиҳат мекунем, — Низом-маҳдум ба Мансур рӯ овард: — Шумо ба ҳамон тарафҳо равую доред, ҳавои корашонро медонед. Ба ҳамин сухан бовар кунем? Ман аз чунин хабару овозаҳо монда шудам.
Ба забони Мансур меояд, ки гӯяд: бояд ман аз шумо ҳавои кори болшевикон пурсам. Чунки шумо бо онҳо синухез доштед. Худафро дошт. Суханони «ту он ҷо будӣ, ту ҳамроҳ будӣ» ба кас мисли корд мерасад. Боре, «сад нӯши болшевикон ба як нешашон намемерасад» гуфту бо Мирзоумед баҳс кардаю аз якдигар хафа шуданд... Лекин ҳоло дар оҳанги сухани Низом-маҳдум таъну танз не, мадорост. Мансур ба тариқи маслиҳат гуфт:
– Ҳар дафъае, ки соҳилро мегузарам, мушоҳида мекунам, ки ними бештари заминҳо нокорида, чанд сол шуд онҳоро касе шудгор намекунад. Деҳаҳо, ки бекас мондаанд, каси шудгор карда намондааст. Аз ин ҷиҳат фикр кунӣ, бояд қабул кунанд. Аз тарафи дигар, кӣ медонад ин хабару овозаҳо чӣ оқибат доранд?
– Шояд таваккал карда меравем? — гуфт Низом-маҳдум нигоҳашро аз Мансур наканда. — Ҳамаро маҳбас намекардагистанд. Ваъда кардаанд, ки касе аз рӯйи нодонӣ рафтааст, бахшида мешавад. Мо нодон, ки будем, дарёро гузаштем, нодон ки будем, ба ҷадидҳо пайвастем, нодон, ки будем, ислоҳотхоҳ шудем. — Ва оҳ кашида, илова кард: — Нодон, ки ҳастем, саги соҳибаш ронда барин боз баргашта наздашон меравем.
Дар оҳанги сухани Маҳдум як навъ пушаймонӣ аз кору умри гузашта, ошуфтагӣ аз ояндаи номаълум ҳис мешавад.

пешина
аз 613
навбатӣ