Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Рӯзи чоршанбе овозаи ба дор кашидани Ҳабибуллохон расиду рӯзи якшанбе Мансур дар Толиқон корро буд карда, ба Қундуз, ба хонаи Низом-махдум баргашт. Маълум шуд, ки Низом-махдум низ лаҳзае пештар аз Мазори Шариф омада хариди бозор рафтааст.

Ҳабиба Мансурро пешвоз гирифта, худро хурсанд вонамуд кунад ҳам хавотиру ошуфта буданаш айён буд. Дастархон кушод, чой оварда гуфт: Низом-махдум барои аз Шарифҷон дарак гирифтан рафтанду бенатиҷа баргаштанд. Пас бо алам сабаби хавотир буданашро гуфт:

Ҳамон Набихони силқин боз барои Садаф омадааст! Ман ба ту хеш набошам, тӯя нашаносам...

Мансур сухан накарда истод. Фикр кард, ки духтар калон шуд маҷбурӣ ба шавҳар диҳӣ. Набихон ба ин кор сахт часпидагӣ барин.

  • Ман баъди як сол аст ё даҳ сол аст хоҳ-нохоҳ ба ватанам меравам. Духтарама мемонам дар ин бекасию мусофиратӣ монад?

Ҳабиба нигоҳаш ба самте дӯхтааст. Баробари сухан карда ба ишораи не, не сар меҷунбонад. Нигоҳашро нагардонда ба ҳамон оҳанги пештара афзуд.

  • Ҳамин духтара худатон гиред! - Ӯ ин суханро лоқайдона гуфт. Мисле ки як пора нони дар дастархон боқимондаро пештар монда ҳаминро намонед, мегӯяд.

Шамолаке ҷисму ҷони Мансурро гарм карда гузашт. Вонамуд кард ки сухани ба шӯхӣ гуфтаро шунидааст. Табассум кардаю бо оҳанги нимшӯхию нимҷиддӣ гуфт:

  • Ин суханатона Садаф фаҳмад, дуямона аз хона пеш мекунад. - Ва бо оҳанги дигар илова кард:

  • Садаф барои ман мисли духтарам ҳаст.

Ҳабиба нигоҳашро аз самти дӯхтааш нагирифт ва сӯҳанро ба дигар паҳлӯ нагардонд. Аммо дили Мансур дар такопӯ шуд. Фикр кард, ки Садаф ба чанд даромад? Шонздаҳ ё ҳабдаҳсола аст. Худаш ин тобистон ба шаст даромад. Садаф агар бистсола ҳам мешуд ин кор зеб надошт. Дигар ин ки ба чашми Низом-махдум чӣ гуна нигоҳ мекунад?

Низом-махдум наздики аср аз бозор омад... Азбаски даромад-даромади чилла фаро расидаю ҳаво сард буд, дар хона чой карда оташ гиронданд. Янгай Ҳабиба дар лаълӣ нону шири сӯзон оварда ҷониби Мансур гуфт:

  • Мо гов харидем. Ҳоло ширу ҷурғотамин фаровон.- Ӯ рӯймолапро пеш кашида афзуд:-Раҳмат ба шумо, ки моро маҷбур карда аз он чуқурӣ (дар назар дорад деҳаи Ҳисориро) ба ин ҷо овардаю ин хонаҳоро пӯшидед. Ба умеди чӯраатон мешудем, сага гургҳо мехӯрданд.

Низом-махдум, ки пештар дар чеҳраи занаш осори аламу ғазабро мушоҳида карда буд, сӯҳбатро ба шӯхӣ бурд:

  • Ҳоло касалии келинатон гум шудааст. Ин хона форидааст. Дигар ёди Бухоро ҳам намекунад.

Ҳабиба, ки мисли чӯби дудгирифта буд, якбора алов гирифт:

  • Хона гуфтеду аламам тоза шуд. Ду рӯз пеш аз омаданатон собиқ ҳамсояамон Раҳими қассоб омада буд. Чор сол шудааст, ки дар Қатаған дар хонаи шиносаш истиқомат мекардааст. Порсол ба Бухоро рафта будааст. Гуфт.
пешина
аз 613
навбатӣ