Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

гуфтану мардуму мор барин афсун кардан! Худатон барин рӯбоҳмиҷозу нокора кардан!

– Не, не, ин хел ҳеҷ мумкин нест. Шумо як фикр кунед, фурӯғи мардуми мо дар шеър аст...

– Воллоҳ, биллоҳу таллоҳ, ҳамин шеъру шоирие, ки мо дорем заррае фурӯғ намедиҳад. Бадтар ноқису нолоиқамон мекунад. Дар саду дусад соли оянда ҳам фурӯғ нахоҳад дод. Дар ҳамин ҳоле, ки дорем, як тукумдӯз, ҳатто як даллоли бозор ба мардум бештар нафърасон аст.

– Ба фикратон розӣ нестам, – гуфт Мансур ва дар ҳамин вақт дар дил кашфиёте кард: «Донишмандони мо даҳ солу бист сол дар мадрасаҳо, ба қавли худашон, ҳамон илмҳои мутадовиларо (расмшуда) мехонанд. Як гурӯҳ чил-понздаҳ ҳадис аз ёд кардаю воиз мешаванд. Пас пояшон то лаби гӯр рафтана, «дар ҳадисе ё ривояте омадааст...» гуфта ба касе сухан намедиҳанд. Гурӯҳи дигар ҳамин гуна шоир шудаю умрашон ба қашшоқию дастнигарӣ мегузаронанд. Ҳар ду илми мурда, зараровар...»

Бадриддин дар рӯбарӯ назди ҳавлии деворҳояш пасте якчанд аспу маркабро дида, «соҳибони инҳо назди шайх омадаанд» гуфт. Наздиктар, ки шуданд, афзуд: – Овозаи даму нафаси шифобахш доштани шайх ба гирду атроф паҳн шуда рафтааст. Беморонро бардошта меоранд, рӯзи дигар беморон ба пояшон хеста мераванд. Аз хурсандӣ пули калон медиҳанд. Мол меоранд. Лекин шайх ҳама пулу моли ҷамъшударо ба фирориҳо медиҳад.

Аз даричаи пастаке ворид шуданд: он ҷо ду хона аст ва заминаш ҳам баробари хонаҳо буда, ду дарахти олу дорад. Ҳарду мушти мева. Дар таги дарахтон ду шолҷаи фарсуда партофтаю ҳашт-нӯҳ нафар ниёзмандон бо беморонашон давра нишастаанд. Онсӯтар ду-се нафар бесаброна атрофи хона гардиш доранд. Дар паси хона як тездод бузу гӯсфанд намоён. Яқин онҳо молҳои имрӯз барои шайх оварда мебошанд.

– Ин ҷо барои ба назди шайх даромадан навбат меистанд! - гуфт Бадриддин. - Шумо худатон медароед. Ман меравам, корам бисёр аст.

Шогирди шайх ҷавони сиёҳҷурда, (ӯ ҳам аз Даҳбед) аз Самарқанд будани меҳмонро фаҳмида, Мансурро бе навбат роҳнамоӣ кард.

– Шайх баофиятанд? - пурсид Мансур.

Шогирд китф дарҳам кашид ва бо оҳанги шикоят гуфт: - Худашон кӯшиши сиҳат шудан намекунанд.

– Он кас ба Балх равон буданд...

– Бале, ба Балх равон будему наздики Толиқон омада аз даште мегузаштем, ки шайх пурсиданд: «ин ҷо гӯристон буд?»

Толиқониҳои ҳамроҳамон байни худ гап-гап кардандӣ, пас мӯйсафеде гуфт, ки бале, ин ҷо сад сол пеш гӯристон будааст: шумо чӣ гуна донистед? Шайх ҷавоб доданд: ба назарам намуд, ки аз осмон дастаи нуре ин ҷо равон аст. Яқин кардам, ки орифе хоб аст. Ба шаҳр расида шабро гузарондем. Пагоҳӣ хезем, шайх тасб кардаанд. Ва акнун қариб ду моҳ аст, ки чунин аҳвол. Рӯзона каме сабук мешаванд, шаб ки шуд, тасб мекунанд. Мегӯянд, ки заъфе дар авзоам нишастааст. Пеш ҳеҷ гоҳ ин хел набуд.

пешина
аз 613
навбатӣ