Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Ҳамон рӯз дар деҳа овоза шуд, ки Нуралӣ девона шудааст. Касе наздаш дарояд, мезадаасту дашном медодааст.
Ба идораи колхоз ҳам хабари дашномҳои Нуралӣ, ҳам хабари девона шуданаш расид. Пеш аз ҳама Остон изҳори ақида кард. «Худаш ҷиннӣ шуд? Ҳоло писараш ҳам ҷиннӣ мешавад. Он ҷувонимарги гарданпарида чанд одама ба ҳавзи обаш ях барин партофтаю бемор карда буд.» Худам як моҳ рӯғани думбаро сурхтоб карда хӯрда ба худ омадам.» Аммо бештари мардуми деҳа ҳисси дилсӯзӣ карданд: “Нуралиро хонааш гирифтанд, ягона писарашро зиндон карданд. Духтари гулбаринашро Ашӯри буздузд сар дод. Ин аламҳо мисли саги девона мардака газида ҷиннӣ карданд.”
Баъди он рӯз Нуралӣ ба кор набаромад. Гоҳе медиданд, ки дар замини дари хонааш бо сари баста ҷунбуҷӯл дорад. Агар ба кӯча мебаромад сархам қадам зада ба касе нигоҳ намекард. Аммо ҳар гоҳ, ки дилаш танг мешуд ё муҳтоҷӣ зӯраш меоварду “чунунаш” авҷ мекард, бел дар даст занашро гирди ҳавлӣ пеш карда, бо овози баланд дилашро холӣ мекард: “Ҳе заҳу зурёти комсомолата г... Ҳе заҳу зурёти партията г.... Ҳе злу авлоди ҷадидата г....” Баъдтар ки “чунун”-аш паст мешуд, паҳлӯи занаш нишаста дасташро ба каф гирифта бо овози паст дарди дил мекард: -Ҳайфи меҳнатам, ҳайфи умрам. Ҳе, заҳу зурёти туям г...”
Мансур дар Самарқанд шунида буд, ки Шайх Аҳмад ба Афғонистон рафтааст. Он лаҳза қарор дод, ки сарҳадро гузарад, даставвал ӯро меёбад. Охир шайх дӯсти падараш буд. Ёди падарашро дорад. Ҳам пазмони суҳбату суханони рамзнокаш шудааст. Дар аввал суханҳояш сода, ҳатто нофорам мерасанд. Баъдҳо ҳақ будани онҳоро воқеаҳо собит мекунанд ва гашта-гашта ба хотир омадаву дар дилат менишинанд. Дар суҳбати охирин, ки дар Самарқанд карданд, гуфт, ки мардуми шикамбораи мо ба қадри хонаю дару ватанаш намемерасад. Акнун ин инқилоб мефаҳмонадашон, ки ватан чӣ қимат дорад? Айни гуфтааш шуд. Одамон ватан гуфта ҷон медиҳанд. Аммо худаш чаро ин ҷо омад? Шояд коре баромад? Ё ба колхози сохтаашон, ки ҳарому ҳалолаш якҷоя будааст, муросо кардан натавонист? Ба ҳар ҳол ёфтаю фаҳмидан лозим.
Мансур ҳангоме ки Муллоносирро дар Янгиқаъла дар назди корвонсарои Муллоасади марғелонӣ вохӯрд, ӯ гуфт, ки самарқандӣҳое, ки ин ҷо манзил доранд, аз омадани шайх огоҳ будаанд. Сари роҳашро гирифта, талаб-талаб кардаю меҳмондорӣ мекунанд ва мегӯянд, ки ҳамин ҷо меистед. Худамон бароитон замин гирифтаю хона месозем. «Ман ин ҷо замингирӣ наомадаам» — мегӯяд шайх ва сӯйи Балх меравад.
Мансур ба Толиқон расиду ба дӯкони Бадриддин, ки ду сол пеш ҳангоми чойхонаи Ғуломҳайдарро сохтанаш бо ӯ шинос шуда буд, даромад. Дар дӯкон марди зардинаи ношиносе сархам ба варақе чизе менавишт. Аз тарҳи рӯяш маълум буд, ки аз тарафҳои худашон аст.
– Пайсаҳоро ҳисобу китоб доред? — гуфт Мансур ба оҳанге, ки шинос бошанд.
– Шеър иншо мекунам, — мард сарашро як бардошту боз машғули кор шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор