Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Ин қадар бойи калон несту лекин бой аст,-гуфт Ашӯр бо овози паст ва чун одат бо ханда афзуд: - Асп дорад, меҳмонхона дорад. Пеш аз инқилоб дар меҳмонхонааш ҳар бегоҳ палавхӯрӣ мекарданд.

  • Шинед! -Аминзода бо тамасхур ба Ашӯр зеҳн монд.- Комсомол палав намехӯрад?- Худат палав намехӯрӣ? Ва аз толор будаҳо пурсид:-Дар ҳаққи Барзуев боз кӣ чӣ мегӯяд?

Аз қатори пеш Мусофири Малик хест. Нуралӣ шунида буд, ки Мусофир дар маъракаи фирқаҳо ба сухангӯӣ ном баровардааст. Ба суханаш калонҳо эътибор медиҳанд. Дар ҳаққаш чӣ мегуфта бошад? Мусофир ҷониби Нуралӣ нигарист. Дар нигоҳаш меҳрубонӣ аён аст. Нуралӣ дар дил ба ӯ муроҷиат кард: “Ошно, об аз сар ки гузашт, чи як ваҷабу чи сад ваҷаб. Худата дар гап намон. Чизе, ки зарур медонӣ, гуфтан гир”.

Мусофир андаке ба шиддат ва бо садои гиро гуфт:

  • Намакхӯрда чил сол андеша кардааст, мегӯянд, ин сухан ҳикмат дорад. Ҳикматаш ҳамин аст, ки ба фаҳмиши худамон гӯем агар, аз худат шарм дор гуфтанӣ гап. - Ман он чӣ дидаам, бояд гӯям. Дар умри кӯтоҳам ду дафъа роҳи гузар дар хонаи ин шахс меҳмон шудам. Ҷавон будам, як гурӯҳ ба сӯйи болооб корковӣ мерафтем. Дар ҳавои гарм, дур аз хонаашон дар сояе дам мегирифтем, ки акаи Нуралӣ аз масҷид омада, моро дида, ба хонааш бурд, шикамамонро сер карда ҷавоб дод. Дафъаи дигар ҳафт нафар будем: боз моро аз роҳ гардонда ба хонаи ӯ бурданд. Худи Нуралӣ дар поёни хона менишаст, чой кашида ба мо медод. Мисли дигарҳо такаббур надошт. Ҳамон вақт мушоҳида кардам, ки ҷомааш, эзораш мисли ҷомаю эзори мо дарбеҳ доранд, дастонаш пур аз обила. Мо ҳамсояҳаем. Аз кору бори ҳамдигар бохабарем. Мардуми деҳаи мо медонанд, ки Нуралӣ он хонаю даре, ки дорад, ба меҳнати ҳалол сохтаву ба нияти нек истифода мекунад. Афсӯс мехӯрам, ки дар деҳаи мо чунин одам нест.

Кадоме аз пас садо баланд кард.

  • Рост, сер бошӣ, дида наметавонанд, гушна бошӣ, додан!

Нуралӣ бори дуюм сарашро бардошта, ҷониби Мусофир нигарист. Марди наҳифандом ва банур, озоду дилпур сухан мекунад. Меҳмон будамаш ба хотираш наомад. Охир дар хонаи вай бисёр касон меҳмон мешуданд. Ҳамзамон пай бурд, ки суханони Мусофир ба Аминзода писанд омаданд. Гиреҳи абрӯяш кушода шуд.

Ногаҳ оҳанги сухани Мусофир тез шуду аз Сангов пурсид:

  • Дар масъалаи гандум як чизро мехоҳам рӯшан кунам. Рафиқ Сангов. Ба хонаатон кадом соати рӯз гандум бурданд?

  • Дирӯз байни асру шом будааст. Шоҳид ҳам дорам. Ду нафар дар берун, иҷозат диҳед, даъват кунам.

  • Бе шоҳид суханатонро гуфтан гиред,- гуфт сардор.

  • Худам дар хона мебудам, намемондам,- афзуд Сангов. Гуфтааст, ки барои тухмии заминашон.- Сангов ҷониби толор нигоҳе карду афзуд: - Рафиқон, мо ҳафт сол Барзуевро кофтем. Инро агар бе ҷазо монем, пагоҳ мегӯяд, ки замину боғамро диҳед. Як кутан молашро колхозӣ кардем, молашро мепурсад. Ҳамбаи орду дигар анҷомашро мепурсад. Ин авлод ҳама муштамзӯранд. Се ҳафта

пешина
аз 613
навбатӣ