Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳисобчигӣ мехондааст. Муаллимонаш бештар русҳо будаанд. Дар байни онҳо хубаш ҳам будааст. Якеш гуфтааст, ки додар, ту ҷавони бафаҳм будай, хуб хонӣ, ҳисобчӣ мешавӣ.
– Ҳисобчӣ?-ҳайрон шуд Нуралӣ.-Чӣ ҳисоб мекардааст?
– Дар пеши пойҳоят апа мурад, онҳо худашон гапу ҳарфашона надонад, апа сарфаҳм намеравад.- Бибизӯҳро ба кафи Ҳумоюн як панҷа конфет ниҳодаю косаи талқони тутро, ки тика-тика бурида овардааст, пештари Нуралӣ давонд.- Гиред, даҳон ширин кунед, Ин тути порсола.-Бибизӯҳро овозашро паст карда сӯйи дарахтони он сӯйи девор, ки себҳо пухтаю ангураш ҳам ранг овардааст, ишора кард:-Ин неъмата бинед. Остони хешатон моро ҳатто нигоҳ кардан намемонад. Набераам гиря кунад ҳам, як себ намедиҳад.
Нуралӣ андешид, ки зан як лаҳза ҳам хонаашро фаромӯш намекунад. Аламу озорашро тасаввур карда ба ҳолаш раҳмаш омад.
– Худатон дидед-ку, хешамон моро чӣ кор кард.
– Рост мегӯед, вай чашмдарида садқаи хешии шумо шавад.
Бибизӯҳро духтарашро фарёд кард:
– Шарифа, хӯрокат пӯхта бошад, биёр.
– Апаҷон, хӯрок лозим нест,-гуфт Нуралӣ ва афзуд:-фаҳмидам, ки писаратон Азизбек одами хуб баромадааст, хабаргирӣ меомадааст.
– Рост, дар даҳони додарам мурам, Азизбек одами банамак баромад. Занаш ҳам ҳар вақт хабаргирӣ меояд.
Онҳо дақиқае хомӯш монданду зан бо оҳанги дигар гуфт:
– Мебахшед, ман сергапӣ кардам, худатон чӣ ҳол доред?
– Комиссияро интизорем. Шабу рӯз домани Худоро аз даст сар намедиҳем, ки ба ҳоламон раҳм кунад.
– Худованд раҳмону раҳим аст, шумо одами нондеҳ ҳастед, хоратон намекунад. – Зан оҳанги гиря кард:-Олимҷон ҳам марди нондеҳ буд.
– Дар тақдирамон ин рӯзҳо будааст,-Нуралӣ хест. Ба соҳибхона хайрбод кардаю дасти писарашро гирифта, ба кӯча баромад. Аз назди ҳаммом гузашта фикр кард, ки агар ба шаҳр кӯчида равад, зиндагиаш чӣ гуна мешуда бошад? Вале ин фикр маъкулаш нашуд. Ин ҷо ватанаш аст. Ба умед ин қадар замину боғ кард. Замона ба як ранг намемондагист.

Се ҳафта гузашту хабар омад, ки комиссия ба деҳаи Обканда мерафтааст. Маҷлисро дар ҳамон ҷо баргузор мекардаанд.
Сангову Остон пештар рафтанду ду нафар комсомол ва Тоши Тарош, ки ҳоло ба кори кассирӣ гузарондаанд, Нуралиро пешандоз карда бурданд. Аз пас Анвари писари Нуралӣ ва Мирзошариф ҳам раҳакӣ шуданд.
Нуралиро овозаи омадани комиссия ҳам дар изтироб андохт, ҳам як тарафи дилаш сабукӣ ҳис кард. Вай аз он ки ду ҳафта умрашро дар каҳдони гарму пурчанг бо тарсу таҳлука гузаронда буд ва қариб ду моҳ аст, ки дар хона, дар интизор аст, ки чӣ гуна суд мекунанд, чанд сол медода бошанд, сахт дилгир шудаю мехост, ки ин гирудорҳо зудтар яктарафа шаванд. Ҳатто розӣ буд, ки ба Сибир раваду ҳашт-нӯҳ солпошти сар карда (аз рӯйи овозаҳо ба ӯ ҳамин

пешина
аз 613
навбатӣ